Дар Ҷамоати деҳоти Аличури ноҳияи Мурғоб меҳмонхонаи замонавӣ қомат афрохт

Сентябрь 30, 2019 16:41

ХОРУҒ, 30.09.2019. /АМИТ «Ховар»/.  Дар Ҷамоати деҳоти Аличури ноҳияи Мурғоб боз як меҳмонхонаи дуошёнаи замонавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Соҳибкори маҳаллӣ Распай Асадманбеков  гуфт, ки «Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чанд соли охир ба рушди деҳот аҳамияти хосса медиҳад ва барои беҳтар намудани инфрасохтори деҳот кумаки амалӣ мерасонад. Барои таҳияи ҳуҷҷатҳо ҷиҳати сохтмони ин  меҳмонхона каме бештар аз як ҳафта сарф кардам. Ҳама медонанд, ки ноҳияи мо аз маркази вилояту пойтахти ҷумҳурӣ дар масофаи дур ҷойгир аст ва дар интиқол додани масолеҳи бинокорӣ, бахусус дар фасли боронгарӣ бо мушкилот рӯ ба рӯ мешаванд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мурғоб низ ин мушкилро эҳсос мекунад ва ба қадри имкон соҳибкоронро дастгирӣ менамояд».

Сардори Раёсати рушди иқтисоди вилоят Латиф Шоҳзодаев гуфт, ки «ҷамоати Аличур дарвозаи ноҳияи Мурғоб ба ҳисоб меравад ва меҳмонони ватанию сайёҳони хориҷӣ пас аз тай кардани роҳи тӯлонӣ маҳз дар ҳамин ҷамоат дам мегиранд. Барои пазироии меҳмонон дар ин ҷо зиёда аз 10 меҳмонхонаҳои хурд, ҳам дар шакли  хаймаи қирғизӣ ва ҳам хонаи урфии бадахшонӣ вуҷуд доранд, аммо сол аз сол  таваҷҷуҳи меҳмонону сайёҳони хориҷӣ ба ин ноҳияи баландкӯҳ бештар мегардад. Ин соҳибкорони маҳаллиро водор сохт, ки шумораи марказҳои хизматрасониро афзоиш диҳанд. Масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия низ муваззаф ҳастанд, ки ҳар иқдоми соҳибкорони маҳаллиро ҳаматарафа дастгирӣ намоянд.  Меҳмонхонаи мазкур аз дуошёна иборат буда, дорои ошхона, сарои мошин, шабакаи интернет ва дигар хизматрасониҳои муосир мебошад».

Ноҳияи Мурғоб дар баландии 3,5 ҳазор метр аз сатҳи баҳр ҷойгир буда, яке аз нодиртарин маконҳои дидании Тоҷикистон ба шумор меравад. Камбуди шадиди оксиген яке аз хосиятҳои асосии ин ноҳия буда, меҳмонону сайёҳон барои сафар аз қабл омодагии комил мебинанд. Ҳайвоноти нодир, ба монанди гӯсфанди Марко Поло ва озодапаланг низ маҳз дар ҳамин ноҳия сукунат доранд.

 

 

Сентябрь 30, 2019 16:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд