Дар Ҷамоати деҳоти Аличури ноҳияи Мурғоб меҳмонхонаи замонавӣ қомат афрохт
ХОРУҒ, 30.09.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷамоати деҳоти Аличури ноҳияи Мурғоб боз як меҳмонхонаи дуошёнаи замонавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Соҳибкори маҳаллӣ Распай Асадманбеков гуфт, ки «Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чанд соли охир ба рушди деҳот аҳамияти хосса медиҳад ва барои беҳтар намудани инфрасохтори деҳот кумаки амалӣ мерасонад. Барои таҳияи ҳуҷҷатҳо ҷиҳати сохтмони ин меҳмонхона каме бештар аз як ҳафта сарф кардам. Ҳама медонанд, ки ноҳияи мо аз маркази вилояту пойтахти ҷумҳурӣ дар масофаи дур ҷойгир аст ва дар интиқол додани масолеҳи бинокорӣ, бахусус дар фасли боронгарӣ бо мушкилот рӯ ба рӯ мешаванд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мурғоб низ ин мушкилро эҳсос мекунад ва ба қадри имкон соҳибкоронро дастгирӣ менамояд».
Сардори Раёсати рушди иқтисоди вилоят Латиф Шоҳзодаев гуфт, ки «ҷамоати Аличур дарвозаи ноҳияи Мурғоб ба ҳисоб меравад ва меҳмонони ватанию сайёҳони хориҷӣ пас аз тай кардани роҳи тӯлонӣ маҳз дар ҳамин ҷамоат дам мегиранд. Барои пазироии меҳмонон дар ин ҷо зиёда аз 10 меҳмонхонаҳои хурд, ҳам дар шакли хаймаи қирғизӣ ва ҳам хонаи урфии бадахшонӣ вуҷуд доранд, аммо сол аз сол таваҷҷуҳи меҳмонону сайёҳони хориҷӣ ба ин ноҳияи баландкӯҳ бештар мегардад. Ин соҳибкорони маҳаллиро водор сохт, ки шумораи марказҳои хизматрасониро афзоиш диҳанд. Масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия низ муваззаф ҳастанд, ки ҳар иқдоми соҳибкорони маҳаллиро ҳаматарафа дастгирӣ намоянд. Меҳмонхонаи мазкур аз дуошёна иборат буда, дорои ошхона, сарои мошин, шабакаи интернет ва дигар хизматрасониҳои муосир мебошад».
Ноҳияи Мурғоб дар баландии 3,5 ҳазор метр аз сатҳи баҳр ҷойгир буда, яке аз нодиртарин маконҳои дидании Тоҷикистон ба шумор меравад. Камбуди шадиди оксиген яке аз хосиятҳои асосии ин ноҳия буда, меҳмонону сайёҳон барои сафар аз қабл омодагии комил мебинанд. Ҳайвоноти нодир, ба монанди гӯсфанди Марко Поло ва озодапаланг низ маҳз дар ҳамин ноҳия сукунат доранд.









Дар ноҳияи Деваштич дар 7070 гектар картошка кишт карда мешавад
Нигина Анварӣ: «Фонди махсуси навсозии системаҳои ирригатсионии Осиёи Марказӣ ташкил карда шавад»
Олег Кобяков: «Конфронси Душанбе ба таҳияи барномаи нави Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ мусоидат мекунад»
Дар Душанбе оид ба Стратегияи рақамии дигаргунсозии системаҳои агроозуқаворӣ ҷаласа доир шуд
Раймунд Йелле: «Тоҷикистон дар масъалаҳои обу иқлим нақши муҳим дорад»
Директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бо намояндагони пешбари ширкатҳои технологии чинӣ вохӯрӣ намуд
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии ҳосили пиёзи барвақтӣ идома дорад
Доир ба робитаи байни захираҳои обӣ, энергетика, озуқаворӣ ва экосистемаҳо дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ ҷаласа баргузор шуд
Дар Брюссел ҳамкории Тоҷикистон ва Белгия дар соҳаи андоз баррасӣ гардид
Мудири кулли ФАО: «Дар самти истифодаи самараноки захираҳои табиии обу замин бояд оқилона муносибат кард»
Иқтидори кишоварзию саноатии Тоҷикистон дар «Dushanbe EXPO Centre» ба маърази тамошо гузошта шуд






