Дар Давҳа дурнамои густариши робитаҳои гуманитарии Тоҷикистон ва Қатар баррасӣ гардид

Сентябрь 18, 2019 11:16

ДУШАНБЕ, 18.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар Давҳа вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Хисрав Соҳибзода бо Вазири маориф ва омӯзиши олии ин кишвар доктор Муҳаммад ал-Ҳамодӣ 17 сентябр баргузор шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни мулоқот ҳолат ва дурнамои густариши робитаҳои гуманитарии Тоҷикистон ва Қатар ва роҳҳои татбиқи амалии Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф, таҳсилоти олӣ ва таҳқиқоти илмӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар ин замина ҷонибҳо аҳамияти тавсеаи ҳамкории байни муассисаҳои омӯзиши олӣ, фаъолсозии табодули донишҷӯён ва давраҳои таҷрибаомӯзӣ ва инчунин танзими сафарҳои мутақобилаи доираҳои академикии ду давлатро таъкид намуданд.

Вазорати маориф ва омӯзиши олии Давлати Қатар барои ҷудо намудани бурсияҳо барои омӯзиши донишҷӯёни тоҷик дар муассисаҳои давлатии таҳсилоти олии ин кишвар изҳори омодагӣ кард.

АКСИ ВКХ ҶТ

Сентябрь 18, 2019 11:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд