Дар Душанбе ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамкории фарҳангии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 18.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. Шӯрои ҳамкории фарҳангии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар ҷаласаи XXХIV-и худ, ки имрӯз дар толори Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба кори худ оғоз бахшид, шаҳри Душанберо пойтахти фарҳангии ИДМ дар соли 2021 эълон кард.
Бояд тазаккур дод, ки мақоми «пойтахти фарҳангии ИДМ» ба ин ё он шаҳр бо қарори Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ дода мешавад. Чунин мақом ба пойтахти Тоҷикистон тибқи қарори Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ моҳи сентябри соли 2018 дода шудааст. Мутобиқи ин қарор ба ҳукуматҳои кишварҳои узви ИДМ супориш дода шудааст, ки барои иштироки ҳайатҳои худ дар тадбирҳои вобаста ба татбиқи Барномаи байнидавлатии «Пойтахтҳои фарҳангии ИДМ» дар кишварҳои ҳамдигар мусоидат намоянд.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар кори ҷаласа вазирони фарҳанг, муовинони аввал ва муовинони вазирони фарҳанги Тоҷикистон, Ӯзбекистон Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Россия ва намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ иштирок намуданд.
Ҷаласаро Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Шӯрои ҳамкории фарҳангии кишварҳои узви ИДМ Шамсиддин Орумбекзода оғоз намуда, иброз дошт, ки Шӯрои фарҳангии кишварҳои муштаракулманофеъ як ниҳоди хеле муътабар аст, ки дар густариши ҳамкории байни мамлакатҳо нақши бузург мебозад.
«Муносибатҳои фарҳангӣ яке аз бузургтарин шакли робитаҳои байни миллатҳо буда, дар бисёр мавридҳо мушкилоти мавҷударо бо ҳамкории фарҳангӣ баррасӣ мекунанд»,- иброз дошт мавсуф.
Вазири фарҳани Ҷумҳурии Беларус Юрий Бондар оид ба ҳамкории ИДМ дар солҳои 2021-2025 ибрози назар намуда, робитаҳои минбаъдаро дар ин соҳа судманд арзёбӣ намуд.
Бояд гуфт, ки ҷаласаҳои солонаи Шӯрои ҳамкории фарҳангии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳамасола дар давлатҳои гуногун доир шуда, бори дуюм аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад.
Дар ҷаласаи Шӯро бештар аз 16 масъала баррасӣ ва нисбат ба баъзе аз мушкилоти ҷойдошта фикру андешаҳои ҷолиб пешниҳод гардиданд.
Ҳамчунин масъалаи омодасозии мутахассисони соҳаи фарҳанг ва баланд бардоштани сатҳи касбияти онҳо дар мадди назари иштирокчиёни ҷаласа қарор дошт.
Иштирокдорони ҷаласа доир ба натиҷаҳои Соли фарҳанг дар ИДМ, иштироки мамлакатҳо ва саҳми онҳо дар тарғиби хондани китобу китобдорӣ андешаҳояшонро баён доштанд.
Зикр гардид, ки китоб ва ҳунару санъат сарҳад надошта, китоб дар фаъолияти миллатҳои тамаддунсозу фарҳангпарвар дар радифи муқаддасоту неъматҳои миллӣ ҷой дорад.
Дар кори ҷаласа ба соҳаи театр низ таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд. Қарор карда шуд, ки Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ моҳи октябри соли равон бо барномаи фарҳангӣ ба шаҳри Самарқанд сафар намояд.
Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон муваззаф гардид, ки дар Шӯрои баъдина, ки соли 2020 баргузор мегардад, оид ба омадагӣ ба эълон гардидани Душанбе ҳамчун пойтахти фарҳангии ИДМ дар соли 2021 маълумот манзур намояд.
Ёдовар мешавем, ки ҷаласаи мазкур ду рӯз идома ёфта, ҳайати меҳмонон аз маконҳои таърихиву фарҳангӣ ва сайёҳии шаҳрҳои Ҳисор ва Турсунзода боздид менамоянд.










«ДОСТОНИ ХУДШИНОСӢ». Китоби нави Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
Пагоҳ Душанбе мизбони Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ мегардад
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» оғоз гардид
ЗАБОН–САДОИ ХОТИРАИ МИЛЛАТ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Мутахассисони соҳа бояд, ки истилоҳоти дурусту фаҳмо ва мувофиқ ба мазмуну муҳтавои соҳаҳои гуногунро барои истифода пешниҳод намоянд»
ЗАБОНИ МОДАРИИ МО—ЗАБОНИ ШИРИНУ ШЕВО ВА ШОИРОНАИ ТОҶИКӢ! Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
«ҶАҲОНИ РАССОМ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши асарҳои Дӯст Азизов ташкил гардид
Дар Душанбе Рӯзҳои синамои Қирғизистон доир мегарданд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон барои омӯзгорон сайри идонаи осорхонавӣ ташкил гардид
«НАМАКДОНИ МИЛЛАТ КАФИ ДАСТИ ӮСТ!». Таҳти чунин унвон китоби Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
ЗАБОН ВА 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ доир шуд
Барои Сарвазири Тотористон ва ҳамроҳонаш сайри осорхонавӣ ташкил гардид






