Дар Душанбе сеюмин Форуми байналмилалии мусофиркашонӣ баргузор мегардад

Сентябрь 16, 2019 13:12

ДУШАНБЕ, 16.09.2019. /АМИТ «Ховар»/. 17-18 сентябри соли равон дар меҳмонхонаи «HYATT REGENCY»-и шаҳри Душанбе  сеюмин Форуми байналмилалии мусофиркашонӣ баргузор мегардад. Дар ин бора аз Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Ба иттилои манбаъ, дар форуми мазкур роҳҳои рушди ҳамлу нақли мусофиркашонии байналмилалӣ, моделҳои ҳамкории дуҷониба дар самти ҳамлу нақли бор ва мусофирон, шаклҳои муттаҳид намудани онҳо ва комплекси мусофиркашонӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Инчунин рӯзномаи ҷаласа муҳокимаи  арзиши роҳкиро, такмилдиҳии тартиби фурӯши чиптаҳо ва ворид намудани технологияҳои муосири иттилоотиро дар нақлиёти мусофирбар фаро мегирад.

Дар назар аст, ки дар форум муовини директори генералии ҶСК «Роҳи оҳани Россия» Дмитрий Пегов, муовини аввали сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Баҳром Шодиев, роҳбари Дирексияи Шӯрои нақлиёти роҳиоҳани давлатҳои узви ИДМ Виктор Попов, роҳбарони хадамоти ҳамлу нақли мусофирони роҳи оҳани давлатҳои иштирокчии ИДМ ва дигарон иштирок намоянд.

Ёдовар мешавем, ки дар доираи форум инчунин муовини директори генералии ҶСК «Роҳи оҳани Россия» Дмитрий Пегов ва роҳбари КВД «Мусофиркашонӣ» -и КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Шералӣ Қурбонов бо доираи васеи намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотӣ доир менамоянд.

Сентябрь 16, 2019 13:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид