Дар Хоруғ ҳамоиш ва намоиши дастовардҳои соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ оғоз гардид

Сентябрь 21, 2019 09:56

ХОРУҒ, 21.09.2019. /АМИТ «»Ховар»/. Бо ибтикори Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Маҷмааи варзишии шаҳри Хоруғ аз ҷониби Кумитаи мазкур ҳамоиш ва намоиши дастовардҳо дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ, масолеҳи сохтмонии ватанӣ баргузор гардид.

Дар ҳамоиш ва намоиш меъморону муҳандисон, роҳбарони корхонаҳои истеҳсолии мамлакат ширкат мекунанд. Баъди ба истифода додани агрегати дуюми Неругоҳи барқии обии «Роғун» дар ҷумҳурӣ имконияти бунёди корхонаҳои саноатӣ ва рушди бештари ин соҳа ба миён омад. Зеро бе мавҷудияти неруи барқ рушди  соҳаи саноат ғайриимкон аст. Дар ҳамоиш аз аксарияти шаҳру ноҳияҳои мамлакат ҳунармандони инфиродӣ, намояндагони корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ, коргоҳҳои кандакорию кулолгарӣ, ресандагӣ, бофандагӣ, гаҷкорӣ, наққошӣ ва амсоли инҳо ширкат мекунанд.

Роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ҷамол” аз ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон Иброҳим Раҳмонов дар ин намоиш баъзе аз намудҳои масолеҳи сохтмонии корхонаи  худро ба маъраз гузоштааст. Мавсуф гуфт, ки «аз ҷониби  Пешвои миллат ҳадафи чоруми стратегӣ эълон гардидани саноатикунонӣ   мо, соҳибкоронро водор намуд, ки перомуни ба бозорҳои саноатии мамлакат баровардани масолеҳи сохтмонии воридотивазкунанда тадбирҳои мушаххас андешем. Имрӯз баъди тамошои ин намоишгоҳ эҳсос кардем, ки воқеан мо қудрати истеҳсоли масолеҳи босифат ва аз ҷиҳати меъморӣ ҷолибу зебо дорем. Мо дар ин намоишгоҳ чанд намуд масолеҳи сохтмониро, ки қаблан аз кишварҳои хориҷӣ ворид мешуданд, муаррифӣ кардем. Корхонаи мо асосан ба тавлиди пардаҳои полиэтелинӣ, ки намиро боздошта, харобшавии таҳкурсии хона ва дару девори онро пешгирӣ мекунад, машғул аст».

Як сокини шаҳри Хоруғ Нуралишоҳ Хайруллоев баъди тамошои маҳсулоти ин корхона гуфт, ки «воқеан дар шароити манотиқи кӯҳистон ва ҳам дар ҳамвориҳо, ки аксари манзилҳои истиқоматию биноҳои маъмурӣ дар назди рӯдхонаву каналҳои обгузар бунёд мешаванд, ниёз ба чунин масолеҳ зиёд аст. Агар ин корхона фаъолияташро тавсия бахшад, дар бозори дохилӣ бо масолеҳи корхонаҳои хориҷӣ бе душворӣ  рақобат карда метавонад. Зеро мебинем, ки ҳам сифаташ хуб аст ва ҳам нархаш гарон нест».

Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов намоишгоҳро тамошо карда, зимни суҳбат бо иштирокчиёни он изҳор намуд, ки «бе рушди соҳаи саноат коҳиш додани яке аз масъалаҳои муҳими рӯз, яъне бекорӣ амри маҳол аст. Танҳо бунёди корхонаҳои саноатӣ шароити бо кори доимӣ таъмин кардани сокинони мамлакатро фароҳам меорад. Аммо бе барқи кофӣ ба вуҷуд овардани як давлати саноатӣ ғайриимкон аст. Пешвои миллат бе сабаб бунёди яке аз бузургтарин неругоҳҳои минтақаро ба миён нагузоштанд. Агарчӣ дар замони оғози сохтмони ин неругоҳ ҷаҳонро буҳрони иқтисодӣ фаро гирифт, аммо Пешвои миллат аз ҳамаи мардуми Тоҷикистон даъват намуданд, ки “бо нохун ҳам бошад, мо ин неругоҳро бунёд месозем” ва ба ваъдаашон вафо карданд. Акнун он соҳибкороне, ки бо истеҳсолот сару кор доранд, бояд камари ҳиммат баста, барои таъмини бозори дохилӣ бо масолеҳи сохтмонии воридотивазкунанда талош варзанд. Дар ҷумҳурии мо тамоми масолеҳи сохтмонӣ, аз регу шағал сар карда, то маъдану сангҳои қиматбаҳо мавҷуданд. Табдил додани ин маҳсулоти хом ба маҳсулоти нимтайёру тайёр ба ҳиммату ҳавсалаи шумо сахт вобаста аст».

Ин ҳамоиш ва намоиши масолеҳи сохтмонии ватанӣ ду рӯз давом мекунад. Ҳадафи он рушди мнбаъдаи соҳаи сохтмон ва меъмории мамалакат, ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ, густариш додани фаъолияти меъморӣ, лоиҳакашӣ, шаҳрсозӣ, мубодилаи таҷриба ва истеҳсоли масолеҳи сохтмонии воридотивазкунанда мебошад.

Сентябрь 21, 2019 09:56

Хабарҳои дигари ин бахш

«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон филми бо истифодаи зеҳни сунъӣ офаридаи коргардони тоҷик соҳиби ҷоизаи миллӣ шуд
«ТОҶИКИСТОН—КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Ёдгориҳои таърихӣ ва мероси фарҳангии тоҷикон дар шаҳри Рим муаррифӣ гардиданд
Шералӣ Хоҷазода: «Намоиши осори бостонии тоҷикон дар Осорхонаи тамаддунҳои Рим эътирофи миллат дар арсаи байналмилалӣ аст»
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак оғоз мегардад
«ТОҶИКИСТОН-КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Дар Рим ёдгориҳои нодири таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта мешаванд
«Шоҳҷоиза»-и сеюмин Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» ба филми «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» тақдим гардид
Ҷаласаи Шурои директорони киностудияҳои кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд