Дар Хоруғ Намоишгоҳи ҷумҳуриявии дастовардҳои соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ доир мегардад
ДУШАНБЕ, 18.09.2019. /АМИТ «Ховар»/. 20-21 сентябр дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Намоишгоҳи ҷумҳуриявии дастовардҳои соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ, масолеҳи сохтмонии ватании воридотивазкунанда ва нақши ҳунарҳои мардумӣ дар муаррифии меъмории миллӣ доир мегардад.
Тавре аз Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, намоишгоҳи мазкур бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир карда мешавад.
Ба иттилои манбаъ, дар намоишгоҳ бахшҳои меъморӣ, сохтмон, шаҳрсозӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмонии ватанӣ, лоиҳаҳои иншооти инфрасохтори сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумии кандакорӣ, кошинкорӣ, гаҷкорӣ, наққошӣ ва ғайра муаррифӣ мегарданд.
Ба иттилои манбаъ, ҳадаф аз гузаронидани намоишгоҳ рушди минбаъдаи соҳаи сохтмон ва меъмории мамлакат, ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ, густариш додани фаъолияти меъморӣ, лоиҳакашӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмон дар шаҳру ноҳияҳо, мубодилаи таҷриба ва истеҳсоли масолеҳи сохтмонии воридотивазкунанда мебошад.








Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд






