Дар ноҳияи Нуробод Форуми занони соҳибкор баргузор гардид
НУРОБОД, 25.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ноҳияи Нуробод бо иштироки занони соҳибкори шаҳру ноҳияҳои Нуробод, Файзобод, Роғун, Сангвор, Рашт, Тоҷикобод ва Лахш дар доираи амалисозии лоиҳаи «Беҳсозии якҷояи ҳифзи сиҳатӣ ва макони зист» Форуми занони соҳибкори минтақаи Рашт баргузор гардид. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати ноҳияи Нуробод ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Форуми мазкур бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати ноҳияи Нуробод, дастгирии Фонди Оғохон дар Тоҷикистон ва маблағгузори Оҷонсии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ дар минтақаи Рашт баргузор гардид.
Форуми занони соҳибкори минтақаи Рашт бо мақсади ба ҳам овардани сокинони минтақа, таҳкими ваҳдату дӯстӣ байни ноҳияҳо, ривоҷу равнақи соҳибкорӣ миёни занону бонувон ва дар ин замина, баланд бардоштани сатҳи зиндагонии мардум гузаронида шуд.
Ҳамчунин зимни баргузории ҳамоиш ҳунарҳои занону бонувони ноҳияҳои минтақаи Рашт ва маҳсули дасти онҳо ба намоиш ва фурӯш гузошта шуд.








Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид






