Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши аксҳои «Чин аз нигоҳи ман» доир гардид

Сентябрь 25, 2019 11:07

ДУШАНБЕ, 25.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. 24 сентябр дар  Осорхонаи   миллии Тоҷикистон намоиши байналмилалии аксҳо таҳти унвони «Чин аз нигоҳи ман» бахшида ба   70-умин солгарди Ҷумҳурии мардумии Чин баргузор гардид.

Дар намоишгоҳ муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зевар Давлатзода, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Лю Бин, намояндагони корпусҳои дипломатӣ, мақомоти роҳбарикунандаи Чин, роҳбарони ташкилотҳои байналмилалӣ, инчунин нафароне, ки аксҳои худро ба намоиш гузоштаанд, иштирок намуданд

Намоишгоҳро Сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон Лю Бин ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки “Тоҷикистон яке аз мамлакатҳои дӯст ва бародар бо Чин мебошад.  Аз он нафароне, ки сарзамини Чинро бо чунин аксҳои хотиравӣ муаррифӣ менамоянд, сипосгузорам”.

Муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зевар Давлатзода дар тақвияти гуфтаҳои Сафир иброз намуд, ки  “Ҷумҳурии Мардумии Чин яке аз шарикони стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор  меравад. Инчунин он барои густариши ҳамкории фарҳангӣ нақши босазо дорад”.

Дар намоишгоҳ беш аз 350 акс аз ҷониби иштирокчиёни тоҷик пешниҳод гардида буд.

Аксҳои иштирокдоронро ба се гурӯҳ тақсим намуда, ба ғолибон аз ҷониби Сафорати Чин туҳфаҳо ва сипосномаҳо тақдим гардиданд.

Яке аз иштирокчиёни ин намоишгоҳ, мухбири хабаргузории «Авесто» Абдураҳмон Раҳмонов, ки сазовори ҷойи аввал гардид, иброз дошт, ки “ман ду бор ба Чин сафар намудаам. Дар сафарҳоям ҳамеша пешравиҳои ин давлат бароям ҷолиб буд ва аз он маконҳо акс  мегирифтам. Имрӯз ман Ҷумҳурии Мардумии Чинро аз нигоҳи худам муарифӣ намудам”.

Гӯшаи ин намоишгоҳ аз 24 сентябр то 10 октябр дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба намоиш гузошта мешавад.

Ёдовар мешавем, ки Ҷумҳурии Мардумии Чин 1 октябри соли 1949  соҳибистиқлол гардидааст. Муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин 4  январи  соли 1992 барқарор гардидаанд.

Сафорати Чин дар Тоҷикистон фаъолияти худро 13 марти соли 1992  оғоз намуда, 7 апрели  соли  1997  Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Пекин ба  фаъолият  пардохт.

Чин калонтарин сармоягузор ва шарики тиҷоратии Тоҷикистон ба шумор меравад. Робитаҳои Тоҷикистону Чин дар соҳаи иқтисод дар ҳамсоягии якдигар ҷойгир будани давлатҳо, инчунин дар мавҷуд будани иқтидори муайяни захираҳои табиӣ ва транзитӣ асос меёбад. Айни замон ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика, саноати кӯҳӣ,  кишоварзиву маориф ҷараён дорад.

Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо ширкатҳои чинӣ тасмим гирифтааст, ки то соли 2020 ҳаҷми истихроҷи тиллоро то 5-7 тонна дар як сол расонад.

Ҳамчунин сармоягузорони чинӣ дар конҳои ангиштсанг, фосфор, қалъагӣ, оҳан, сурма ва металлҳои нодир кор мекунанд. Имрӯз беш аз 300 ширкату корхонаҳои Чин дар рушду пешрафти мамлакати мо  саҳм мегузоранд.

Ҷумҳурии  Мардумии Чин  шарики стратегии Ҷумҳурии  Тоҷикистон ба ҳисоб  рафта, таҳким ва густариши робитаҳои дӯстонаи ду давлат яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Сентябрь 25, 2019 11:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Шералӣ Хоҷазода: «Намоиши осори бостонии тоҷикон дар Осорхонаи тамаддунҳои Рим эътирофи миллат дар арсаи байналмилалӣ аст»
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак оғоз мегардад
«ТОҶИКИСТОН-КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Дар Рим ёдгориҳои нодири таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта мешаванд
«Шоҳҷоиза»-и сеюмин Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» ба филми «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» тақдим гардид
Ҷаласаи Шурои директорони киностудияҳои кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Имрӯз даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз мегардад
Радиои «Ҳисори Шодмон» расман ба фаъолият шуруъ намуд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» шинос шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон толори Сомониён пас аз навсозӣ ифтитоҳ гардид
РӮЗҲОИ СИНАМОИ ҚИРҒИЗИСТОН. Дар кинотеатри «Наврӯз»-и Душанбе се филми қирғизӣ ба намоиш гузошта мешавад
«ШОҲИ ТАОМҲО». Фестивали «Оши палав» ва Намоиш-фурӯши шолӣ ва биринҷ бо шукӯҳу шаҳомати хос доир гардид
«ОМАД ХУҶАСТА МЕҲРГОН, ҶАШНИ БУЗУРГИ ХУСРАВОН!». Дар Душанбе Иди Меҳргон таҷлил гардид