Дар Тоҷикистон қариб 295 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ гардидааст
ДУШАНБЕ, 19.09.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имсол дар хоҷагиҳои кишоварзии ҷумҳурӣ дар 33 ҳазору 659 гектар картошка кишт карда шуд.
Тавре котиби матбуоти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёқубҷон Уроқов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, то 13 сентябр аз майдони 15 ҳазору 649 гектар 294 ҳазору 157 тонна картошка ҷамъоварӣ гардидааст. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3495 тонна зиёд мебошад.
Дар Тоҷикистон картошкаро аз миёнаҳои асри XIX cap карда, парвариш мекунанд. Картошкапарварӣ яке аз соҳаҳои асосии кишоварзӣ дар мамлакат ба ҳисоб рафта, барои таъмини амнияти озуқаворӣ ва имкониятҳои содиротии мамлакат нақши муҳим дорад.
Картошка бо узвҳои генеративӣ-тухмакҳо ва вегетативӣ (нашвӣ) — лӯндаҳо, нешакҳо ва бофтаҳо афзоиш меёбад. Дар ҷараёни давомноки парвариш картошка тадриҷан гирифтори касалиҳои гуногуни вирусӣ, вироидӣ, фитоплазмӣ, замбурӯғӣ ва бактериявӣ гашта, сабаби паст гаштани ҳосилнокӣ ё наслвайроншавии он мегардад. Дар таркиби лӯндаҳои картошка бештар оҳан, йод, магний, калий, калсий, витамини С ва дигар элементҳои фоидаовар мавҷуд мебошанд.
Бино ба зикри номбурда, ҷамъоварии ҳосили картошка дар ҷумҳурӣ босуръат идома дорад. Дар вилояти Хатлон аз 6655 гектар 116 ҳазор 571 тонна, дар вилояти Суғд аз майдони 6000 гектар 11 ҳазору 2865 тонна, дар ВМКБ аз 121 гектар 1933 тонна ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз 2873 гектар 62 ҳазор 788 тонна картошка ҷамъоварӣ гардидааст. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3495 тонна зиёд мебошад.
Дар мамлакат ҳосили картошка моҳи июн ва аз кишти такрорӣ моҳи сентябр ҷамъоварӣ мегардад. Дар Тоҷикистон навъҳои он, аз қабили «Помелла», «Пикассо», «Невский», «Лорх», «Курода», «Шукрона», «Тоҷикистон», «Дӯстӣ», «Дурахшон», «Сурхоб», «Файзобод» ва «ВИР-6» кишт мешаванд.
20 августи соли равон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Кӯҳистони Мастчоҳ сафар карда, бо фаъолияти кишоварзон ва нашъунамои картошка дар деҳаи «Роғ» шинос шуданд. Зимни сафари корӣ Сарвари давлат ба масъулин таъкид намуданд, ки аз ҳар ваҷаб замин самаранок истифода бурда, сол аз сол масоҳати заминҳои корамро васеъ гардонанд. Зеро фаровонии бозорҳои ҷумҳурӣ, хони пурнозу неъмати сокинон яке аз ҳадафҳои асосии давлат ва Ҳукумати мамлакат — таъмини амнияти озуқаворӣ маҳз аз фаъолияти пурсамари кишоварзон вобаста аст.
Хоҷагии деҳқонии «Роғ»-и ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ 124,2 гектарро ташкил дода, 102 гектараш ба кишти картошка рост меояд. Деҳқонони хоҷагӣ пайваста барои ба даст овардани ҳосили дилхоҳ талош карда, дар парваришу захираи ин намуди маҳсулоти кишоварзӣ аз роҳу усулҳои нав ва тухмиҳои хушсифат истифода мебаранд.
Феълан дар хоҷагии деҳқонии «Роғ» навъҳои гуногуни картошка, аз қабили «Тоҷикистон», «Бик Роза», «Алладин», «Пикасо» ва ғайра парвариш карда мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон картошка дар минтақаҳои Рашт, Файзобод, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Ҷиргатол бештар парвариш карда мешавад, зеро обу ҳаво ва замини минтақаҳои мазкур барои парвариши ин сабзавот созгор аст.









Кормандони Бонки миллии Тоҷикистон ҷашни Истиқлоли давлатиро бошукуҳ таҷлил намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Даромади буҷети давлатӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ беш аз 250 баробар зиёд гардид»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «То соли 2037 Тоҷикистонро пурра ба кишвари «сабз» табдил медиҳем»
РОҲИ 35-СОЛАИ НИЗОМИ БОНКИИ ТОҶИКИСТОН: аз бунёди низоми мустақили бонкӣ то бонкдории рақамӣ
РУШДИ САНОАТ. Дар давраи Истиқлолияти давлатӣ Душанбе ба маркази воқеии саноат, савдо ва хизматрасонӣ табдил ёфт
Эмомалӣ Раҳмон: «Бо саҳми соҳибкорони ватандӯст ва шахсони саховатпеша зиёда аз 10 ҳазор километр роҳҳои маҳаллӣ навсозӣ гардида, 273 пул бунёд гардид»
Ҷамшед Ҷумахонзода: «Соҳаи сайёҳӣ ба яке аз самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон табдил ёфтааст»
Абдураҳмон Абдураҳмонзода: «Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ чун давлати дорои суръати баланди рушди иқтисодӣ шинохта шуд»
Истифодаи технологияҳои муосир ва зеҳни сунъӣ самти афзалиятноки сиёсати давлатии Тоҷикистон мебошад
Истиқлол ва рушди саноат: аз сарвати табиӣ то неруи созанда
Эмомалӣ Раҳмон: «То охири сол дар кишвар таъсиси боз 500 корхонаю коргоҳи саноатӣ пешбинӣ шудааст»
Дар ноҳияи Ҷайҳун ба сохтмони хати технологии коркарди нафт санги асос гузошта шуд






