Дар Тоҷикистон риояи бечунучарои санадҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон ба роҳ монда шудааст
ДУШАНБЕ, 21.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. 19 сентябр дар Варшава дар ҷаласаи кории ҳамоиши САҲА оид ба баррасии иҷрои уҳдадориҳо дар соҳаи ченаки инсонӣ бахшида ба озодиҳои асосӣ, аз ҷумла озодии гирдиҳамоиҳо ва иттиҳодҳо роҳбари ҳайати Тоҷикистон, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Зариф Ализода суханронӣ кард.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, Зариф Ализода иштирокчиёни ҳамоишро бо таҷрибаи дар Тоҷикистон мавҷудаи додани ҳуқуқ ба гирдиҳамоиҳои осоишта ва озодии иттиҳодияҳо шинос кард. Тадбирҳои давлат дар риояи бечунучарои санадҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон зикр шуданд.
Инчунин Зариф Ализода далелҳои раднашавандаи тааллуқ доштани Ҳизби наҳзати ислом ба созмонҳои террористӣ ва ифротиро ироа намуд.
АКС: ВКХ ҶТ








Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар ҷаласаи 32-юми Шурои IRENA иштирок намуд
Дар Женева чорабинии сатҳи баланд дар мавзуи «Сулҳи устувор дар Осиёи Марказӣ: сабақҳо аз Эъломияи дӯстии абадии Хуҷанд» доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико бо тоҷикони Канада мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Ба бузургдошти Робиаи Балхӣ ва Ҳофизи Шерозӣ дар Вена ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе дурнамои муносибатҳои Тоҷикистон ва Италия баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари ширкати аморотии Tahaluf AI мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи 6-уми Форуми раисони шаҳрҳои Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо иштирок намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати LANXESS Олмон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо раиси иҷроии Муассисаи ташаббуси сармоягузории оянда мулоқот намуд
Дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Австрия машваратҳои сиёсӣ баргузор намуданд






