Дар вилояти Суғд 10 590 кг маводи ороишию гигиенӣ нобуд карда шуд
ДУШАНБЕ, 16.09.2019 /АМИТ «Ховар/. Дар 8 моҳи соли равон дар вилояти Суғд 118 мағозаю анбор ва дӯконҳои фурӯши маводи ороишию гигенӣ, ғизои кӯдакона ва обҳои минералии дорои хусусияти табобатию пешгирӣ аз санҷиш гузаронида шуданд.
Ин санҷишро кормандони шуъбаи назорати давлатии маводи ороишию гигиении Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилоят гузарониданд.
Дар натиҷа аз 25 мағозаву дӯкон ва анборҳои санҷидашуда 158 номгӯй маводи ороишию гигиении шубҳанок барои муайян кардани таркибашон ба ташхисгоҳи Корхонаи воҳиди давлатии “Экспертиза ва озмоиши маҳсулоти фарматсевтию тиббӣ” интиқол дода шуд.
Инчунин аз 24 номгӯй маводи ороишию гигиении муҳлати истеъмолашон гузашта ва бе сертификати сифат ба миқдори 10 590 кг дар партовгоҳи шаҳри Хуҷанд нобуд карда шуд.
Дар мамлакат барои пешгирии маҳсулоти пастсифати ороишию гигиенӣ корҳои ташвиқотӣ ва тарғиботӣ гузаронида мешаванд. Вале аз ҷониби баъзе аз соҳибкорон то имрӯз дар мамлакат қонуншиканиҳо ба назар мерасанд, ки ҷони садҳо сокини мамлакатро ба хатар мегузоранд.
Ёдовар мешавем, ки дар ҳашт моҳи соли гузашта 105 ҳазору 285 кг маводи доруворӣ, молҳои тиббӣ, маводи ороишию гигиенӣ ва ғизои кӯдаконаи муҳлати истифодаашон гузашта, бе сертификати мутобиқат ва ба талабот ҷавобгӯй набуда бо роҳи сӯзонидан нобуд карда шудаанд.
Аз ин рӯ ҳар як фардро мебояд, ки зимни хариду истифодаи маводи доруворӣ, ороишию гигиенӣ ё ғизои кӯдакона ҷиддиву эҳтиёткор бошад. Дар сурати ошкор намудани маводи дорувории пастсифату қалбакӣ ё муҳлаташ гузашта шаҳрвандон метавонанд ба Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии минтақаҳояшон хабар диҳанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






