Дар вилояти Суғд 10 590 кг маводи ороишию гигиенӣ нобуд карда шуд

Сентябрь 16, 2019 16:30

ДУШАНБЕ, 16.09.2019 /АМИТ «Ховар/. Дар 8 моҳи соли равон дар вилояти Суғд 118 мағозаю анбор ва дӯконҳои фурӯши маводи ороишию гигенӣ, ғизои кӯдакона ва обҳои минералии дорои хусусияти табобатию пешгирӣ аз санҷиш гузаронида шуданд.

Ин санҷишро кормандони шуъбаи назорати давлатии маводи ороишию гигиении Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилоят  гузарониданд.

Дар натиҷа аз 25 мағозаву дӯкон ва анборҳои санҷидашуда 158 номгӯй маводи ороишию гигиении шубҳанок барои муайян кардани таркибашон ба ташхисгоҳи Корхонаи воҳиди давлатии “Экспертиза ва озмоиши маҳсулоти фарматсевтию тиббӣ” интиқол дода шуд.

Инчунин аз 24 номгӯй маводи ороишию гигиении муҳлати истеъмолашон гузашта ва бе сертификати сифат ба миқдори 10 590 кг дар партовгоҳи шаҳри Хуҷанд нобуд карда шуд.

Дар мамлакат барои пешгирии маҳсулоти пастсифати ороишию гигиенӣ корҳои ташвиқотӣ ва тарғиботӣ гузаронида мешаванд. Вале аз ҷониби баъзе аз соҳибкорон то имрӯз дар мамлакат қонуншиканиҳо ба назар мерасанд, ки ҷони садҳо сокини мамлакатро ба хатар мегузоранд.

Ёдовар мешавем, ки дар ҳашт моҳи соли  гузашта 105 ҳазору 285 кг маводи доруворӣ, молҳои тиббӣ, маводи ороишию гигиенӣ ва ғизои кӯдаконаи муҳлати истифодаашон гузашта, бе сертификати мутобиқат ва ба талабот ҷавобгӯй набуда бо роҳи сӯзонидан нобуд карда шудаанд.

Аз ин рӯ ҳар як фардро мебояд, ки зимни хариду истифодаи маводи доруворӣ,  ороишию гигиенӣ ё  ғизои кӯдакона  ҷиддиву эҳтиёткор бошад. Дар сурати ошкор намудани маводи дорувории пастсифату қалбакӣ ё муҳлаташ гузашта  шаҳрвандон метавонанд  ба Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  минтақаҳояшон хабар диҳанд.

Сентябрь 16, 2019 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат ба муносибати қабули ташаббуси навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
ВАҲДАТИ МО КОХИ ПИРӮЗИИ МОСТ! Мулоҳизаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло
Ҳар як шаҳрванд бояд дарк намояд, ки мубориза бо коррупсия танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест
Дар Бохтар бахшида ба қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ аксияи ҳизбии «Тақдими варақаҳои иттилоотӣ ба сокинон» баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Варзоб Конфренсияи илмӣ-амалии «Ваҳдати миллӣ – шукуфоии Ватан мебошад» баргузор шуд
Дар дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор гардид
Суратгузориш аз ҷараёни баргузории Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон дар Қазоқистон
Дар Вазорати энергетика ва захираҳои об қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳро дастоварди навбатии Тоҷикистон арзёбӣ намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОГОҲӢ! Аз 27 то 30 июн дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани селҳои хусусияти маҳаллидошта пешгӯӣ мешавад