Дидбонгоҳҳои гумрукии Тоҷикистон бо технологияи муосири назорати гумрукӣ муҷаҳҳаз мегарданд

Сентябрь 19, 2019 15:50

ДУШАНБЕ, 19.09.2019/АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қӯшунҳои сарҳадии Департаменти корҳои дохилии  Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир «Номаи ҳамкорӣ» ба имзо расид. Санади мазкурро Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода ва аз ҷониби Британияи Кабир Сафири Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Меттю Лоусон ба имзо расониданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Тибқи хабари сарчашма, ҳамкорӣ дар ҳошияи «Номаи ҳамкорӣ»  имкон медиҳад, ки Хадамоти гумруки Тоҷикистон бо кумаки Иттиҳоди Муттаҳида дидбонгоҳҳои гумрукиро дар майдонҳои ҳавоӣ ва дидбонгоҳҳои гумрукии наздисарҳадии  Тоҷикистон бо техникаву технологияи муосири назорати гумрукии молу бағоҷ ва мусофирон муҷаҳҳаз гардонад.

Инчунин дар асоси санади мазкур мутахассисони Британияи Кабир барои баланд бардоштани иқтидори касбии кормандони мақомоти гумруки Тоҷикистон курсҳои омӯзишиву амалӣ ташкил намуда, таҷрибаи Британияро дар самти муборизаи муташаккилона бар зидди қочоқ ва дастрас намудани маълумоти пешакӣ оид ба мусофирон бо гумруки Тоҷикистон мубодила хоҳанд кард.

Мақомоти гумруки Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар доираи ба имзо расонидани санади ҳамкорӣ Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал – майори хадамоти гумрук Хуршед Каримзода  бо  Сафири Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Меттю Лоусон ва Котиби Давлатии қӯшунҳои сарҳадии Департаменти корҳои дохилии Шоҳигарии Муттаҳида мулоқот анҷом дод. Зимни он масъалаҳои марбут ба тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи гумрук баррасӣ гардиданд.

Дипломати бритонӣ Меттю Лоусон зикр кард, ки Британияи Кабир дар таҳкими ҳамкорӣ  бо Хадамоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан дар самти таъмини бехатарии гузаргоҳҳои наздисарҳадӣ ҳавасманд аст.

Дар мулоқот ҳамзамон намояндаи қӯшунҳои сарҳадии Департаменти корҳои дохилии Шоҳигарии Муттаҳида Ник Фоулер доир ба фаъолияти  қӯшунҳои сарҳадии Департаменти корҳои дохилии Шоҳигарии Муттаҳида гуфт, ки аз лиҳози мавқеи ҷуғрофӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи ҳассос қарор дорад. Аз ин рӯ, ташкили Стратегияи муштараки махсус ва ҳамоҳанг сохтани он бо ҳамроҳии шарикони худ барои муқовимат ба таҳдидҳо ва дигар ҷиноятҳои дорои хусусияти фаромиллӣ яке аз масъалаҳои калидии  Британияи Кабир мебошад.

Сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон Хуршед Каримзода зикр намуд, ки дар минтақаи Осиёи Марказӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон аз ҳама сарҳади тӯлонитарин дорад, ки  1344 кмро ташкил медиҳад. Бо дахли фаъолияти мақомоти гумруки Тоҷикистон Хуршед Каримзода афзуд, ки  Тоҷикистон бо Қирғизистон 5 адад, Ӯзбекистон 17 адад,  Чин 1 адад ва бо Афғонистон 7 адад гузаргоҳҳои сарҳадии расмӣ дорад. Барои муҷаҳҳаз гардонидани онҳо бо техникаву технологияи муосир маблағҳои муайян ҷудо гардида, инчунин созмонҳои байналмилалӣ низ барои таъминоти онҳо кумак мерасонанд, аммо норасоиҳо дар ин самт ҷой доранд.

Зикр шуд, ки танҳо пурра муҷаҳҳаз намудани гузаргоҳҳои сарҳадӣ бо техникаи муосир, баланд бардоштани такмили ихтисоси кормандон ва истифода аз таҷрибаи кишварҳои пешрафта дар ин самт имконият медиҳад, ки пеши роҳи қочоқи маводи мухаддир ва яроқу аслиҳа самаранок гирифта шавад.

Сентябрь 19, 2019 15:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҷаласаи 10-уми Гурӯҳи кории махсуси СҲШ оид ба мусоидат ба сармоягузорӣ доир гардид
Дар вилояти Суғд зеристгоҳи барқии «Ёва» бо иқтидори 110/35/10 кВ ба истифода дода мешавад
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар Конибодом ҷамъоварии пахта ва кишти такрорӣ идома дорад
Дар сардхонаҳо ва анборхонаҳои Тоҷикистон 12 ҳазор тонна ғалладонагиҳо захира гардидаанд
Дар вилояти Суғд беш аз 33 фоизи нақшаи ҷамъоварии пахта иҷро гардидааст
Дар Тоҷикистон имсол ангишт бештар истихроҷ гардидааст
Дар Тоҷикистон истеҳсоли гӯшти паранда беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Дар вилояти Хатлон ҷамъоварии пахта 40,76 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ зеристгоҳи нави 110 кВ-и «Чубек» ба истифода дода шуд
Дар Туркманистон ҷаласаи 95-уми Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии обии Осиёи Марказӣ доир шуд
«Саноатсодиротбонк» ба натиҷаҳои назарраси молиявӣ ноил гардид