ДИПЛОМАТИЯИ ИҚТИСОДӢ. Ва ё Истиқлолият асосҳои иқтисодии давлатро торафт бештар таҳким мебахшад

Сентябрь 1, 2019 08:21

ДУШАНБЕ, 01.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон дар шароити муосир барои иштироки самаранок дар низоми тақсимоти байналмилалии меҳнат дорои иқтидори назарраси захиравӣ-истеҳсолӣ оид ба рушди сиёсати воридотивазкунанда ва ҳавас­манд­гардонии содирот мебошад. Мисоли равшани онро метавонад аз давлати воридкунандаи семент ба  содиркунандаи он табдил ёфтани мамлакат ташкил диҳад. Чунин раванд на танҳо ба худтаъминкунии хоҷагии миллӣ мусоидат менамояд, инчунин барои ба амал баровардани иқтидор оид ба сиёсати воридотивазкунанда такон мебахшад.

Нисбат ба ин масъала Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанўз соли 2010 зимни ирсоли Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир карда, иброз дошта буданд, ки «… мақсади асосии сиёсати иқтисодии давлати Тоҷикистон ба роҳ мондани рушди устувори иқтисодӣ буда, ҳамаи нақшаҳои мо асосан дар доираи се ҳадафи стратегӣ, яъне таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани кишвар ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ тарҳрезӣ гардидаанд ва тадриҷан амалӣ карда мешаванд».

Нуқтаҳои муҳими Паёми Сарвари мамлакат оид ба сиёсати иқтисодии мамлакат ботадриҷ дар як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мустаҳкам гардида, заминаҳои ҳуқуқии худро пайдо карданд. Чунончи, Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 январи соли 2015 фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва тадриҷан баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, таъмини амнияти иқтисодии мамлакатро ба сифати унсури муҳими Консепсияи манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сиёсати хориҷӣ муайян кард, ки имрўз тавассути дипломатияи иқтисодӣ амалӣ гардида истодааст.

Дипломатияи иқтисодии Тоҷикистон имконият дод, ки мамлакат ҷиҳати ҳимоя ва пешбурди манфиатҳои миллии давлат дар арсаи ҷаҳонии тиҷорат ва иқтисод, дар заминаи ёздаҳ соли пешбурди музокирот, 10 декабри соли 2012 ҳамчун аъзои 158-ум ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо пазируфта шавад. Ин омил ба он мусоидат кард, ки мамлакати мо имкониятҳои нави иқтисодӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллиро дар сатҳи ҷаҳонӣ пайдо намуд.

Бо ба кор андохтани агрегати якуми НБО «Роғун» ва таҷдид гарди-дани неругоҳҳои барқии обии амалкунанда, ноил шудан ба ҳадафи якуми стратегӣ — таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва дар асоси ба истифода додани роҳҳои нави автомобилгарди ҷавобгў ба стандарт-ҳои ҷаҳонӣ ба даст овардани ҳадафи дуюми стратегӣ — баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, дар самти таъмини амнияти иқтисодии мамлакат имкониятҳои нав муаррифӣ гардиданд. Тоҷикистон аз мамлакати сарбаста ба давлати транзитӣ табдил ёфта, имконияти баромадан ба бандарҳои ҷаҳонӣ рўи кор омад.

Дар ин робита, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018 ба сифати ҳадафи чоруми стратегии мамлакат аз кишвари аграрӣ ба давлати аграриву саноатӣ табдил додани Тоҷикистонро эълон доштанд.

Барои дар амал татбиқ кардани ин ҳадаф ва ба давлати аграриву саноатӣ табдил додани Тоҷикистон аллакай заминаҳои муайян ва мустаҳкам фароҳам омадаанд ва оварда шуда истодаанд. Соли 2013 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав қабул гардида, шумораи андозҳои амалкунанда то ба даҳ адад кам карда шуд. Нисбат ба соҳибкории соҳаи истеҳсолӣ имтиёзҳои андозӣ муқаррар гардиданд.

Барои аз санҷишҳои сершумор ва беасос озод намудани субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ 16 январи соли 2018 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ» ба тасвиб расид.

Аз ин имконият тавонистанд қариб ду ҳазор субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ истифода намоянд. Бо вуҷуди ин, барои тақвияти соҳаҳои истеҳсолӣ ва расидан ба ҳадафи чоруми стратегии мамлакат аз ҷониби Сарвари давлат муҳлати амали мораторий то соли 2020 тамдид гардида, доираи амали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ» васеъ карда шуд.

Дар ин паёмад субъектҳои соҳибкории соҳаҳои истеҳсолӣ аз санҷишҳои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Палатаи ҳисоб ва мақомоти андозу гумрук озод гардиданд. Баробари ин, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муваззаф шуданд, ки нисбат ба масъулони мақомоти давлатие, ки ба фаъолияти соҳибкорон беасос дахолат карда, садди роҳи рушди соҳибкорӣ мешаванд, чораҳои зарурӣ андешанд.

Мавриди зикр аст, ки муносибатҳои иқтисодии рушдкунандаи қарни XXI собит мекунад, ки ягон кишвари замони муосир наметавонад аз равандҳои ҳамгироӣ берун қарор дошта бошад. Қадами босуботона дар ин раванд пешрафт ва такомули иқтисодии мамлакатро кафолат дода, болоравии иқтидори илмиву таълимӣ ва аз ҳама муҳимаш захираҳои инсониро такон мебахшад. Коршиносон зоҳиршавии раванди ҳамгироиро дар устуворгардии мавқеи иқтисодӣ ва сиёсии иттиҳодияҳои гуногун, дар такмили механизмҳои идоракунии бисёрҷанбаи равандҳои байналмилалӣ қайд менамояд.

Дар шароити рушди босуботи иқтисодӣ  таҳкими ҳамкории судманди байнидавлатӣ ва дар партави он тақвияти муносибатҳо байни субъектҳои фаъолияти соҳибкории дохил ва хориҷи кишвар метавонад ба манфиати кор бошад. Ҳамзамон, дар ин росто зарур аст, ки ҳар як самти ҳамкорӣ дар пасманзари манфиатҳои миллӣ ба таври амиқ ва дақиқ таҳлил карда шаванд. Чунончи, дар шаҳри Душанбе  корхонаи муштараки Тоҷикистон ва Туркия оид ба истеҳсоли нақлиёти мусофирбар ба истифода дода шуд, ки ин хароҷоти андозӣ ва гумрукиро бамаротиб кам гардонида, имконияти содиротиро боло мебарад.

Имрўз бо мақсади таъмин ва нигоҳ доштани раванди рушди бомароми иқтисодӣ ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 амалӣ гардида истодааст.

Зимнан, дар ин санад ҳадафҳои миллии эълоншуда ҳамчун вазифаи аввалиндараҷа боқӣ монда, дода шудани афзалият ба самаранокии соҳа­ҳои воқеии иқтисодиёт, рушди неруи инсонӣ, гуногуншаклии истеҳсолот, тақвияти институтсионалӣ ва тараққиёти минтақаҳо ояндабинӣ гардид.

Бешак, амалишавии бомароми ин самтҳои афзалиятнок Тоҷикистонро ба кишвари дорои рушди устувор ва рақобатпазир табдил медиҳад, ки аҳолии он аз сатҳу сифати арзандаи зиндагӣ бо имкониятҳои баробар барои татбиқи неруи инсонӣ дар асоси баробарӣ, адолат ва эҳтиром­гузорӣ ба шаъну шарафи инсон баҳра мебаранд.

Ҳамин тавр, амнияти иқтисодӣ ба сифати ҷузъи таркибии истиқлолияти давлатӣ ва амнияти миллӣ баромад карда, суботу низом ва сатҳи арзандаи зисту зиндагонии шаҳрвандони мамлакатро заминагузорӣ менамояд.

Имрўз бо мақсади боз ҳам рушд ёфтани ватанамон ва таъмини рушди бомароми иқтисодии он ҳар як фарди худогоҳу худшиносро зарур аст, ки бо шукргузорӣ аз соҳибихтиёриву соҳибдав­латӣ ва сулҳу ваҳдати миллӣ аз ҳарвақта дида бештар софдилона заҳмат кашад.

Диловар ПИРНАЗАРЗОДА,

муовини якуми директори Агентии стандартизатсия,

метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 1, 2019 08:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Эстония Хонаи савдои Тоҷикистон таъсис дода мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар «Аirspace world 2024» дар Женева иштирок намуданд
Роҳбари хоҷагии деҳқонии «Бобои Носир»: «Истифодаи оқилонаи 7,5 гектар замин ва даромад аз он дар баланд гардидани сатҳи зиндагии 5 оила мусоидат намуд»
Деҳқонони ноҳияи Мастчоҳ имсол дар майдони зиёда аз 23 ҳазор гектар кишту парвариши зироати кишоварзиро ба нақша гирифтаанд
Дар шаҳри Хуҷанд Намоишгоҳи X байналмилалии савдо «Суғд-2024» доир мегардад
«РОҲ БА СӮИ ТИЁНШОН». Душанбе охири моҳи май мизбони конфронси байналмилалӣ мегардад
Соли 2023 ба буҷети шаҳри Гулистон аз ҳисоби хизматрасонии сайёҳӣ ва табобатӣ зиёда аз 40 миллион сомонӣ ворид шуд
Ҳоҷагидорони Кооперативи истеҳсолии «Сомон-Бохтар»-и ноҳияи Кӯшониён майдони парвариши лимӯро васеъ менамоянд
Сардхонаи муосири деҳоти «Файзи Истиқлол»-и ноҳияи Кӯшониён ба аҳолӣ хизмат мерасонад
«ТОҶИКИСТОН-2024». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ доир мешавад
120 гектар замини канори деҳаи Ғӯсари шаҳри Панҷакент бо оби полезӣ таъмин мегардад
Масъалаи тезонидани корҳо оид ба тармим ва навсозии нақби «Истиқлол» дар Душанбе баррасӣ гардид