Имрӯз Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон вохӯрд
ДУШАНБЕ, 18.09.2019./АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Душанбе мулоқоти Директори Маркази тадқиқоти стратегии (МТС) назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Диловар Қодирзода бо Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтақӣ Собирӣ баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо такя ба хадамоти матбуоти МТС хабар медиҳад.
Диловар Қодирзода дар оғози мулоқот Сафири ҶИЭ-ро хайрамақдам гуфта, робитаҳои дӯстонаи Тоҷикистону Эронро мусбат арзёбӣ кард ва таъкид намуд, ки рушду тавсеаи минбаъдаи онҳо ҷавобгӯйи манфиатҳои ҳар ду ҷониб мебошад. Ӯ хусусан, инкишофи робитаҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва сайёҳиро барои ҳар ду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг муҳим дониста, зикр намуд, ки мутаассифона, зарфиятҳои воқеии ҳар ду давлат дар ин самт истифода нашудаанд.
Зимнан, мавсуф таъкид кард, ки бояд ҳамкориҳои илмиву пажӯҳишии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо марказҳои тадқиқоти старатегии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба роҳ монда шавад. Барои ин бояд дар байни ин марказҳо Ёддошти тафоҳум имзо гардад, то ки дар асоси он кормандони марказҳои тадқиқотии ҳар ду кишвар тавонанд дар самтҳои гуногун пажӯҳишҳои илмиву таҳлилӣ анҷом диҳанд ва китобҳои муштарак дар мавзӯъҳои гуногуни сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ба табъ расонанд.
Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадтақӣ Собирӣ дар навбати худ барои пазироӣ ва мулоқоти самимона ба директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуд ва ба рушди робитаҳои дӯстонаи Эрон ва Тоҷикистон баҳои баланд дода, таҳкими онро ҳадафи асосии фаъолияти дипломатии худ дар Ҷумҳури Тоҷикистон арзёбӣ намуд.
Ӯ таъкид бар он кард, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон аввалин шуда дар ҷаҳон Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эътироф карда, сафорати худро дар шаҳри Душанбе боз намуд. Ӯ аз муштаракоти забонӣ, фарҳангӣ, нажодӣ ва таърихии халқҳои Эрону Тоҷикистон ёдовар шуда, тазаккур дод, ки барои рушду густариши минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои гуногун, бахусус, бахши иқтисодиёт, барномаҳо ва пешниҳодҳои мушаххасро амалӣ хоҳад намуд. Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷаноби Ҳасан Рӯҳонӣ имсол дар ҳошияи Машварати ҳамкорӣ ва боварӣ дар Осиё дар шаҳри Душанбе дар самти ҳамкорӣ ва робитаҳои сиёсӣ, иқтисод ва фарҳангии ҳарду кишвар уфуқҳои тоза боз намуд.
Сафир зикр намуд, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон ду маркази тадқиқоти стратегӣ: яке дар назди Президент ва дигаре дар назди Вазорати корҳои хориҷӣ дорад. Сафорати кишвари мо кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки дар наздиктарин муҳлат дар байни марказҳои тадқиқоти стратегии Эрон ва Тоҷикистон робитаҳои зичи илмиву пажӯҳишӣ барқарор гардад, ки ин иқдом ба манфиати ҳар ду кишвари дӯсту ҳамзабон ва ҳамфарҳанг аст.
Сафир ҳамчунин изҳор дошт, ки Эрон бозори хеле бузург ва муносиб барои содироти меваҳои хушк, сангҳои ороишӣ, маснуоти заргарӣ, сарватҳои зеризаминӣ ва дигар молу амволи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. «Кишвари мо талош меварзад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба обҳои озод дастрасӣ пайдо намояд ва аз бунбасти коммуникатсионии минтақаи Осиёи Марказӣ комилан раҳо гардад», — гуфт ӯ. Барои амалӣ гардидани ин ҳадафи наҷиб ҷониби Эрон бандари «Чобаҳор»-ро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷора пешниҳод намудааст, ки ба манфиати ҳар ду кишвар аст. Дар айни замон, Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳозир аст, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсулоти гуногуни хушсифати саноатӣ ва кишоварзӣ содир намояд.
Ҳамин тавр, мулоқот дар рӯҳияи дӯстона ва ҷавобгӯй ба сатҳи баланди муносибатҳои ду кишвар анҷом ёфт.








Намояндагони баландпояи Бонки ҷаҳонӣ бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд
Дар Екатеринбург 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон дар Кувайт бо нависандаи кувайтӣ Нодир Ал-Вусайр вохӯрӣ намуд
Дар Баҳрайн бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Сафири Тоҷикистон дар Миср бо муовини раиси Иттифоқи журналистони африқоӣ-осиёӣ мулоқот кард
Дар Манама ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Баҳрайн баррасӣ гардиданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон шумораи махсуси маҷаллаи «ECO Heritage» ба нашр расид
«Gulf News» мақолаи Сафири Тоҷикистонро оид ба ташаббусҳои Тоҷикистон дар рушди мероси тиббии Абуалӣ ибни Сино нашр намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Женева оид ба раванди иҷрои муқаррароти Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак гузориш пешниҳод намуд
Дар Женева 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро бо тантана ҷашн гирифт
Намояндаи Тоҷикистон дар амалиёти байналмилалии зидди маводи мухаддири Созмони ҳамкории Шанхай «Тор» иштирок намуд
Дар Анқара ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир гардид






