Кормандони милитсияи Душанбе муроҷиати корбари «Фейсбук»-ро сари вақт баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 27.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. Як нафар сокини пойтахт дар шабакаи иҷтимоии «Фейсбук» дар саҳифаи худ барои таваққуфи нодуруст акси тамғаи мошини «Тайота-Лендкрузер», рақамҳои қайди давлатиаш 5431 ВК 01-ро дар кӯчаи А.Деҳотии шаҳри Душанбе нашр карда, аз рафтори номуносиби ронандаи он шикоят намудааст. Ин корбари «Фейсбук» аз Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе хоҳиш намудааст, ки қазияи мазкурро мавриди баррасӣ қарор диҳад.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Точикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, муроҷиати мазкур аз ҷониби шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе мавриди санҷиш ва чораҷӯӣ қарор дода шуд.
Дар натиҷа муайян гардид, ки ронандаи воситаи нақлиёти зикршуда, шаҳрванд Субҳон Каримови 45-сола, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе мебошад. Зимни санҷиш маълум гардид, ки номбурда дар ҳақиқат воситаи нақлиёти худро дар ҷойи муқаррарнашудаи роҳ таваққуф намуда, бо ин кирдораш ба ҳаракати шаҳрвандон халал расонидааст, ки ин амали ӯ бо далелҳо исботи худро ёфт.
Бо дарназардошти ҳолати мазкур, мошини дар расм инъикосгардида ба шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дастрас гардида, барои таваққуфи нодуруст нисбат ба соҳибаш тибқи талаботи моддаи 324 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, барои минбаъд ба чунин қонуншиканӣ роҳ надодан огоҳонида шуд.
«Баррасии саривақтии муроҷиати шаҳрвандон яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти милитсия ба ҳисоб рафта, он зери назорати бевоситаи роҳбарияти мақомоти мазкур қарор дорад. Натиҷаи ҳамин талошҳост, ки шаҳрвандон милитсияро ҳамчун пуштибони ҳуқуқу манфиатҳои қонунии худ дониста, баҳри пешгирии амалу кирдорҳои номатлуб дар ҷомеа дар ҳамкории зич бо милитсия қарор доранд», — афзуд манбаъ.
Хотиррасон менамоем, ки Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо мақсади пешгирии қоидавайронкуниҳои дағали ҳаракат дар роҳ ва амалу кирдорҳои номатлуб дар ҷомеа қабули муроҷиати шаҳрвандонро тариқи суроғаи электронӣ (rvkddushanbe@mail.ru), телефони боварӣ (+99237) 221-15-00) ва саҳифаи расмии Раёсат дар Фейсбук «Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе» ба роҳ мондааст.
Шаҳрвандон, сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе дар сурати шоҳиди ин ё он кирдори зиддиҳуқуқӣ гардидан метавонанд тавассути суроғаҳои зикршуда ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе муроҷиат намоянд.








Дар Пекин масъалаҳои рушди қонунгузорӣ ва таҷрибаи муосири давлатдорӣ баррасӣ гардиданд
Дар Москва ҷаласаи 11-уми Алянси Авруосиёии омбудсменҳо баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи Президент дар вилояти Суғд роҳпаймоии идона баргузор шуд
Ҳамкории ҳуқуқии Тоҷикистону Чин дар Пекин баррасӣ гардид
Рӯзи Президентро дар ноҳияи Ёвон бо баргузории чорабиниҳои гуногун таҷлил намуданд
Ба муносибати Рӯзи Президент ва Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад баргузор шуд
Дар мавзуи «Низоми идоракунии президентӣ ва таъмини амнияти давлатӣ» ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ТОҶИКИСТОН – НАМУНАИ ДИПЛОМАТИЯИ МУТАВОЗИНУ СОЗАНДА. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар Душанбе таҳти унвони «Президент — симои миллат ва рамзи давлат» ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ВА ТАҶАССУМИ ИРОДАИ ТАЪРИХИИ МИЛЛАТ ДАР БУНЁДИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИН. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ
ИҶЛОСИЯИ XVI – ЗАМИНАИ ТАЪРИХИИ ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРӢ, ҚОНУНИЯТ ВА АДОЛАТИ СУДӢ. Андешаҳо дар ин маврид






