Кормандони милитсияи Душанбе муроҷиати корбари «Фейсбук»-ро сари вақт баррасӣ намуданд

Сентябрь 27, 2019 09:15

ДУШАНБЕ, 27.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. Як нафар сокини пойтахт дар шабакаи иҷтимоии «Фейсбук»  дар саҳифаи худ  барои   таваққуфи нодуруст акси тамғаи  мошини «Тайота-Лендкрузер», рақамҳои қайди давлатиаш 5431 ВК 01-ро   дар кӯчаи А.Деҳотии шаҳри Душанбе нашр карда,  аз  рафтори  номуносиби   ронандаи  он   шикоят намудааст. Ин корбари  «Фейсбук»  аз Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ  дар шаҳри Душанбе хоҳиш намудааст, ки қазияи мазкурро  мавриди баррасӣ қарор диҳад.              

Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Точикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  муроҷиати мазкур аз ҷониби шуъбаи Бозрасии давлатии  автомобилии  Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе мавриди санҷиш ва чораҷӯӣ  қарор дода шуд.

Дар натиҷа муайян гардид, ки ронандаи воситаи нақлиёти зикршуда, шаҳрванд Субҳон Каримови 45-сола,  истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе мебошад. Зимни санҷиш  маълум гардид, ки номбурда дар ҳақиқат воситаи нақлиёти худро дар ҷойи муқаррарнашудаи роҳ таваққуф намуда, бо ин кирдораш ба ҳаракати шаҳрвандон халал расонидааст, ки ин амали ӯ бо далелҳо исботи худро ёфт.

Бо дарназардошти ҳолати мазкур,  мошини дар расм инъикосгардида ба шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дастрас гардида, барои таваққуфи нодуруст нисбат ба  соҳибаш тибқи талаботи моддаи 324 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, барои минбаъд ба чунин қонуншиканӣ роҳ надодан огоҳонида шуд.

«Баррасии саривақтии  муроҷиати шаҳрвандон  яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти милитсия ба ҳисоб рафта, он зери назорати бевоситаи роҳбарияти мақомоти мазкур  қарор дорад. Натиҷаи ҳамин талошҳост, ки  шаҳрвандон милитсияро ҳамчун пуштибони ҳуқуқу манфиатҳои қонунии худ дониста, баҳри пешгирии амалу кирдорҳои номатлуб дар ҷомеа дар ҳамкории зич бо милитсия қарор доранд», — афзуд манбаъ.

Хотиррасон менамоем, ки Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо мақсади пешгирии  қоидавайронкуниҳои дағали ҳаракат дар роҳ ва  амалу кирдорҳои номатлуб дар ҷомеа  қабули муроҷиати шаҳрвандонро тариқи  суроғаи электронӣ (rvkddushanbe@mail.ru), телефони боварӣ (+99237) 221-15-00) ва саҳифаи расмии Раёсат дар Фейсбук  «Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе» ба роҳ мондааст.

Шаҳрвандон, сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе  дар сурати шоҳиди ин ё он кирдори зиддиҳуқуқӣ гардидан метавонанд  тавассути суроғаҳои  зикршуда ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе муроҷиат намоянд.

Сентябрь 27, 2019 09:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Филиппин Форуми байналмилалии тандурустӣ баргузор гардид
Дар ноҳияи Рӯшон оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ вохӯрӣ доир гардид
Аз 9 то 13 июл дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво то 5 дараҷа паст мешавад
Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иҷтимоӣ ба имзо расид
ИМРӮЗ — РӮЗИ МАЪЮБОН. Дар Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон фароҳам оварда шудааст
Пагоҳ дар баъзе аз кӯчаҳои Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ мегардад
Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст