Кумитаи ҳолатҳои фавқулода: «Чор нафар сайёҳи исроилӣ, ки дар баландии 4700 метр аз сатҳи баҳр раҳгум зада буданд, наҷот ёфтанд»

Сентябрь 23, 2019 13:30

ДУШАНБЕ, 23.09.2019. /АМИТ «Ховар»/. Чор нафар сайёҳи исроилӣ, ки дар баландии 4700 метр аз сатҳи баҳр дар кӯҳҳои Помир раҳгум задаанд, наҷот дода шуданд. Онҳо дар маконе  роҳгум задаанд, ки на мошин ва на чархбол имкони рафтан надошт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад. 

Ба иттилои манбаъ, кормандони воҳиди вокуниши фаврии Кумита дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои наҷоти сайёҳон чор шабонарӯз талош карда, билохира онҳоро бе бардоштани ягон осеб ба шаҳрҳои Хоруғ ва Душанбе интиқол доданд.

«Наҷотдиҳандагони Кумита ҳамроҳ бо кормандони наҷоти Агентии Оғохон оид ба  Зистгоҳ дар ВМКБ амалиёти фаврӣ- садамавии наҷотро бомуваффақият ба анҷом расонида, сайёҳони исроилиро аз хатар наҷот доданд», — омадааст дар иттилоияи манбаъ.

Гуфта мешавад, ки 17 сентябр ба қисми навбатдории Кумита барои дар баландии 4700 метр аз сатҳи баҳр, дар қаламрави ноҳияи Шуғнон роҳгум задани ин сайёҳон сигнали «SOS» ирсол карда шудааст.

Зимни гузаронидини корҳои наҷотдиҳӣ муайян карда шуд, ки ин чор сайёҳ 23 — 26-сола буда, яке аз онҳо зан мебошад. «Онҳо дар баландии 4700 метр аз сатҳи баҳр, дар наздикии маконе бо номи Кулини ҷамоати Ванқалъаи ноҳияи Шуғнон қарор доранд», — илова намуд манбаъ.

Кумита иттилоъ додааст, ки боло рафтан ва расидан ба ин баландӣ на бо мошин имкон дошт ва на бо чархбол. Аз ин рӯ, наҷотдиҳандагон аз аспҳо ва техникаву таҷҳизоти махсус истифода бурдаанд.

19 сентябр наҷотдиҳандагон ба макони ҳодиса расиданд. Аввалин коре, ки анҷом дода шуд, ин ба Бену Моше Шай расонданди кумаки аввалини тиббӣ мебошад. Мавсуф бар асари камбудии оксиген дар баландӣ бемор шуда буд.

«Субҳи 20 сентябр  наҷотдиҳандагони Кумита сайёҳонро ба аспҳо савор карда, бо ёрии заврақе, ки дар кӯли Сарез омода шуда буд, ба майдони парвози чархбол расонданд. Аз он ҷо онҳо ба шаҳри Хоруғ бурданд. Ду нафар дар ин шаҳр мондаанд ва ду тани дигар ба Душанбе фиристода шуданд. Барои расонидани кумакҳои тиббӣ онҳо аз фурудгоҳ ба бемористони «Истиқлол» интиқол дода шуданд»,- афзуд манбаъ.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандону меҳмонони мамлакат мерасонад, ки қабл аз дар ҳайати гурӯҳҳои сайёҳӣ ба минтақаҳои кӯҳӣ сафар намудан аз қайди хадамоти наҷот гузаранд.

«Агар шумо танҳо озими кӯҳҳо шудед, дар ин бора ба хешовандонатон хабар диҳед ва захираи кофии хӯрок, об, доруворӣ, сару либоси гарм ва телефони мобилиро бо худ гиред», — ҳушдор медиҳад Кумита.

Сентябрь 23, 2019 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои роҳбарони мақомоти муҳоҷиратии давлатҳои аъзои ИДМ иштирок намуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид
ҲАМГИРОИИ ШАҲРҲО ДАР ТАТБИҚИ ИМКОНОТИ САЙЁҲИИ УСТУВОР. Дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир гардид
Бо саҳми соҳибкорон ва шахсони саховатпеша дар Суғд 5 ҳазору 500 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмиру навсозӣ карда шуданд
Ҷаласаи Шуро оид ба сайёҳии давлатҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Ҳангоми интиқоли маблағ ба кортҳои шахсони ношинос ба чӣ бояд диққат дод?
Дар Алмато платформаи миллии рақамии тандурустии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
«ИСТИҚЛОЛ — ГАНҶИ МИЛЛАТ, БАҚОИ ДАВЛАТ». Бо чунин унвон дар шаҳри Хуҷанд ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Душанбе форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Оид ба дурнамои дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Туркманистон конфронси байналмилалӣ доир гардид
Мавзеи Аксикони ноҳияи Ашт бо кӯли дорои лойи табиии шифобахш ва табиати нотакрор маъруф аст