ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш ва ғуборолуд боқӣ мемонад

Сентябрь 24, 2019 08:06

ДУШАНБЕ, 24.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш ва ғуборолуд боқӣ мемонад.

Тавре аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабри тағйирёбанда ва бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо  суръати 2-7  метр дар як сония  вазида, дар ноҳияҳои Ванҷ ва Дарвоз чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 7+12 ва рӯзона 26+31 дараҷа  гарм мешавад. Дар шарқи вилоят  ҳаво шабона 1-6 ва рӯзона 14+19  дараҷа  гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳаво камабри бебориш шуда, дар баъзе минтақаҳо ғуборолуд боқӣ мемонад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 ва дар баъзе ҷойҳо то 15-20 метр дар як сония  мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 15+20 ва рӯзона 28-33 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 7+12  ва   рӯзона  24-29  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво камабри  бебориш шуда, чангу ғубор боқӣ мемонад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 14+19 ва рӯзона 32+37  дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 10+15 ва рӯзона 26+31  дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабри бебориш шуда, чангу ғубор боқӣ мемонад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 10+15  ва рӯзона 31+36  дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 6+11 ва рӯзона 25+30 дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи абрнок, бебориш  ва ғуборолуд мешавад. Шамол аз самти ғарб бо   суръати 2-7 метр дар як сония   мевазад. Ҳаво шабона 11+13 ва  рӯзона 33+35  дараҷа гарм мешавад.

Ёдовар мешавем, ки сабаби ғуборолуд шудани вазъи ҳаво муддати тӯлонӣ наборидани борон дар қисмати шимолии Афғонистон ва ҷануби вилояти Хатлони Тоҷикистон мебошад. Аз ин лиҳоз, мутахассисони соҳаи тиб тавсия медиҳанд, ки нафарони ба бемориҳои диққи нафас, бронхитҳои намуди аллергетикӣ, бемориҳои алергетикии роҳҳои болоии нафас гирифтор бояд ҳангоми ба кӯча баромадан  аз ниқобҳои муҳофизатӣ истифода баранд.

Сентябрь 24, 2019 08:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид