Омӯзгорони литсейҳои ноҳияҳои Шаҳринав, Тоҷикобод ва Сангвор усулҳои нави истеҳсолоти миллиро омӯхтанд

Сентябрь 3, 2019 16:30

ДУШАНБЕ, 3.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш»- и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маркази тренингии гурӯҳи идоракунии лоиҳа дар мавзӯи «Методологияи таълим дар асоси салоҳият (ТАС)» барои омӯзгорон ва устоҳои таълимӣ-истеҳсолии литсейи касбии техникии ноҳияҳои Шаҳринав, Тоҷикобод ва Сангвор тренинг гузаронида шуд.

Тавре аз Вазорати меҳнат ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, тренинг аз ҷониби мутахассисон оид ба рушди методогияи ТАС-и лоиҳа Мунира Иноятова, Сангин Бобоев ва Ҳотам Пириев аз 27 то 30 августи соли равон барои 70 нафар омӯзгори литсейҳои номбурда баргузор гашт.

Зимни тренинг иштирокчиён вобаста ба мақсад ва барномаҳои лоиҳа, шарикии соҳавӣ дар низоми таҳсилоти ибтидоии касбии техникӣ ва омӯзиш, методологияи навовари таълим дар асоси салоҳият, талаботи имрӯзаи таълимгирандагон, ҳамкории таълимгоҳҳо бо корфармоён, стандарти салоҳият, методикаи таҳияи стандарти салоҳият, таҳлили функсионалии касбҳо, таҳияи харитаи функсионалӣ ва ғайра омӯзонда мешаванд. Дар ҷараёни тренинг иштирокчиён дар мавзӯъҳои «Сохтори стандарти салоҳияти ҳар як касби коргар», «Таҳлили функсионалии касбҳо ва таҳияи харитаи функсионалӣ» ва «Методологияи таҳияи стандарти салоҳияти касб» корҳои гурӯҳӣ анҷом доданд.

Бояд тазаккур дод, ки чунин тренингҳо моҳҳои март, апрел, май, июн ва августи соли равон барои омӯзгорон ва устоҳои таълими истеҳсолии литсейҳои ҳадафии лоиҳа дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд ва Хоруғ гузаронида шуданд.

Ҳадафи асосии лоиҳа нав намудани методологияи тайёр намудани мутахассисон барои истеҳсолоти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ғайр аз ин  лоиҳа барои мусоидат ба мустаҳкам намудани заминаҳои моддӣ-теникӣ ва барқарорсозии инфрасохторҳои литсейҳои касбии техникӣ ва марказҳои таълими калонсолони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба ин восита омода намудани мутахассисони баландихтисоси ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат равона гардидааст.

Ёдовар мешавем, ки лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш» дар асоси созишномаҳои байни Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон аз соли 2016 амалӣ мешавад.

Сентябрь 3, 2019 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон: «Мо барои арҷгузорӣ ба арзишҳои асили тамаддуни тоҷикону форсизабонон иқдомоти муассирро амалӣ намудем»
ШЕЪР ВА ИСТИҚЛОЛ. Назми муосири тоҷик дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар сафи пеши худшиносии миллӣ ва ҳаракати ваҳдати миллӣ қарор гирифт
Кормандони соҳаи фарҳанг бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
Се китоби рӯзномаи «Ҷумҳурият»: «Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи тамаддуни ориёӣ», «Бозгашти қаҳрамон» ва «Бозгашти қаҳрамон 2» муаррифӣ гардид
Конференсияи ҷумҳуриявии «Забон рукни муҳимми Истиқлоли давлатӣ ва ҳамбастагии ҷомеа» баргузор гардид
Дар Озмуни байналмилалии «Санъати китоб» «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ сазовори Шоҳҷоиза гардид
35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Дар Тоҷикистон соли 1991 танҳо 15 театр фаъолият мекард
«Эмомалӣ Раҳмон — муаррифгари таърихи ниёгон ва тамаддуни навини тоҷикон». Таҳти ин унвон китоб ба нашр расид
Дар шаҳри Душанбе маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор шуд
«ТОҶИ СОМОН». Қабули филмҳо барои иштирок дар синамоҷашнвораи миллӣ то 15 сентябр идома меёбад
«МОДАРНОМА». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши асарҳои Рассоми халқии Тоҷикистон Сабзаалӣ Шариф ифтитоҳ ёфт
СОТИМ УЛУҒЗОДА ВА ҚАДРШИНОСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба 115-солагии Нависандаи халқии Тоҷикистон Сотим Улуғзода