Озмун барои дарёфти стипендияи Раиси шаҳри Душанбе 1 ноябр ҷамъбаст мегардад
ДУШАНБЕ, 30.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои дарёфти стипендияи Раиси шаҳри Душанбе озмун эълон менамояд, ки он 1 ноябр ҷамъбаст мегардад. Ин иқдом ҳамасола бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасманд намудани хонандагону донишҷӯёни фаъолу аълохон ва соҳибистеъдоди муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе роҳандозӣ мегардад.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, довталабони стипендия хонандагону донишҷӯёне буда метавонанд, ки дар байни ҳамсинфон ва ҳамкурсон рафтори намунавӣ дошта (бо дарназардошти тавсияи хаттӣ аз ҷониби директори муассисаи таълимӣ), бо баҳои хубу аъло таҳсил намоянд (мувофиқи маълумотномаи хаттӣ оид ба ҷамъбасти баҳоҳо дар як соли охир) ва дар корҳои ҷамъиятии муассиса ва берун аз он иштироки фаъолона дошта бошанд.
Довталабоне, ки хоҳиши ширкат дар озмуни стипендия доранд, ҳуҷҷатҳои зеринро то соати 17:00-и 1 ноябри соли 2019 бо нишонии шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 80 пешниҳод намоянд:
— аризаи довталаб (бо дастхати худаш) барои иштирок дар озмун бо нишон додани номи муассисаи таълимӣ;
— тавсиянома аз тарафи маъмурияти муассисаи таълимӣ;
— рӯйхати баҳои солона, ҷамъбастӣ ва аттестатсияҳои давлатӣ, ки бо имзои директор ва муҳри муассисаи таълимӣ тасдиқ карда шудааст;
— 3 дона расми андозааш 3х4;
— нусхаи шиноснома ва ё шаҳодатнома дар бораи таваллуд.
Озмун ба шакли санҷиш дар доираи барномаи таълимӣ тариқи тестӣ гузаронида мешавад.
Телефонҳо барои маълумот: 221-72-83; 934-60-30-31; 919-07-66-66.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ доир шуд
РӮЗИ ФАРҲАНГИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Аз маҳсулоти кишоварзӣ то ҳунарҳои мардумӣ муаррифӣ гардид
МАРҲАБО БА ТАНТАНАҲОИ ИСТИҚЛОЛ. Имрӯз дар пойтахт Рӯзҳои фарҳангии шаҳри Турсунзода ва ноҳияҳои Қубодиёну Рӯдакӣ баргузор мегардад
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ барои оғози корҳои сохтмонии Маҷмааи бокс ва меҳмонхонаи панҷситорадор оғоз бахшиданд
Дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ Рӯзҳои фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ баргузор мегардад
Рустами Эмомалӣ бинои нави Институти иқтисодиёт ва демографияро мавриди истифода қарор доданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ барои оғози корҳои сохтмонии маҷмааи IT-Hub Dushanbe санги асос гузоштанд
Моҳи август «Фестивали тобистонаи Душанбе – 2026» баргузор мешавад
Дар шаҳри Душанбе мавсими нави хатсайрҳои сайёҳии дохилишаҳрии «Red Bus Tours» оғоз гардид
«RED BUS TOURS». Имрӯз дар Душанбе мавсими нави хатсайрҳои сайёҳии дохилишаҳрӣ оғоз мегардад
«RED BUS TOURS». Дар Душанбе мавсими хатсайрҳои сайёҳии дохилишаҳрӣ оғоз мегардад
Дар Душанбе Ниммарафони байналмилалии «One run» баргузор шуд






