Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон санги асоси меҳмонхонаи панҷситорадори баландошёнаи «Дипломат»-ро дар шаҳри Душанбе гузоштанд

Сентябрь 4, 2019 10:13

ДУШАНБЕ, 04.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. 4 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахти мамлакат ба сохтмони меҳмонхонаи панҷситорадори «Дипломат» оғози расмӣ бахшида, бо лоиҳаи он шинос гардиданд.

Меҳмонхонаи панҷситорадори «Дипломат» аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Рушди Осиё» дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе дар кӯчаи Бохтар 3-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ бунёд мегардад.

Иншооти нави хизматрасонӣ — сайёҳӣ дар доираи нақшаи  чорабиниҳо ба хотири татбиқи дастуру супоришҳои Президенти мамлакат аз ҷониби соҳибкори ватанӣ бунёд мегардад.

Соҳибкор Баҳром Ашӯрматов ба хотири истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва бо мақсади мусоидат ба рушду пешрафти шаҳри Душанбе тасмим гирифтааст, ки меҳмонхонаи замонавии панҷситорадорро бо сифати баланд ва тарҳи муосир дар муҳлати 2 сол сохта, ба истифода диҳад.

Меҳмонхонаи 16-ошёна бо назардошти талаботи байналмилалӣ сохта хоҳад шуд.

Тибқи лоиҳа, иншоот аз 80 ҳуҷра, аз ҷумла 2 ҳуҷра барои шахсони воломақом, 8 ҳуҷараи люкс, 20 ҳуҷраи нимлюкс ва 50 ҳуҷраи муқаррарӣ бо шароити муосир иборат мебошад.

Иншооти муосири хизматрасонӣ бо имкони қабули зиёда аз 150 нафар меҳмон дар як вақт сохта мешавад.

Дар меҳмонхона як қатор инфрасохтори зарурӣ, аз ҷумла 4 толори маҷлис, таваққуфгоҳи зеризаминӣ, 1 тарабхона, 2 қаҳвахона, ҳавзи шиноварӣ, 2 кошонаи ҳусн, утоқҳои корӣ ва 2 толори варзишию солимгардонӣ барои мизоҷон фароҳам карда мешаванд.

Дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар меҳмонхонаи баландошёнаи «Дипломат» 300 нафар ва баъди пурра ба истифода додани он 160 нафар шаҳрвандони мамлакат бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин хоҳанд гардид.

Дар доираи тадбирҳои ободонӣ атрофи бинои меҳмонхона дар масоҳати қариб 500 метри мураббаъ сабзазор карда мешавад.

Аснои шиносоӣ бо лоиҳаи меҳмонхона ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки аксар масолеҳи сохтмонӣ барои бунёди ин иншооти муосири хизматрасонӣ – сайёҳӣ дар пойтахти мамлакат аз истеҳсолоти худи ҷамъияти «Рушди Осиё» дастрас ва истифода хоҳад шуд, ки дорои сифати баланд мебошанд.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоии пурра бо тарҳи меҳмонхонаи муосир ба иқдоми соҳибкори ватанӣ баҳои баланд дода, ҷиҳати иҷрои босифати корҳо, риояи талаботи муосири сохтмонӣ ва истифодаи санъати баланди меъмории миллӣ дар вақти ороишоти дохил ва беруни иншоот, инчунин истифодаи масолеҳи баландсифат дастуру ҳидоятҳои судманд доданд.

Гузоштани санги асоси меҳмонхонаи панҷситорадори баландошёнаи «Дипломат» дар шаҳри Душанбе 04.09.2019

Сентябрь 4, 2019 10:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич хатти нави оби полезиро бо дарозии 12 километр мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич ба таври фосилавӣ 12 иншооти гуногунтаъйинотро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич бинои нави беморхонаи марказии №6-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон бо лоиҳаи сармоягузорӣ барои бунёди комплекси сайёҳии Шаҳристон — эко резорт шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон тариқи фосилавӣ 7 иншооти иқтисодию иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Шаҳристон ташриф оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Айнӣ ба таври фосилавӣ 10 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Айнӣ Корхонаи истеҳсоли сурмаро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими эҳтиром ва видоъ бо собиқ Раҳбари Олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Алии Хоманаӣ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон шуданд
Сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Исломии Эрон