Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз Намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ дар деҳаи Шаҳринави деҳоти «Деҳибаланд»-и ноҳияи Мӯъминобод боздид намуданд
ДУШАНБЕ, 10.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар деҳаи Шаҳринави деҳоти «Деҳибаланд»-и ноҳияи Мӯъминобод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи ҳунармандони ноҳия дидан карданд.
Дар ин намоишгоҳ сокинони ноҳияи Мӯъминобод намунаи беҳтарини маҳсули дасти худро ба маърази дид гузоштанд. Хосса бонувони чирадаст навъҳои гуногуни либосҳои миллӣ, аз ҷумла чаканро, ки соли 2018 ба рӯйхати Мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО шомил гардид, ба намоиш гузоштанд.
Тавре маълум гардид, дар ноҳияи Мӯъминобод ҳунарҳои чакандӯзӣ, қуроқдӯзӣ, попурдӯзӣ, адрасбофӣ, шерозбофӣ, кӯрпадӯзӣ, муҳрабофию кокулсозӣ, тоқидӯзӣ, кешбофӣ, рафидадӯзӣ дар ҳоли рушд қарор доранд. Махсусан баъд аз эълони Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, таваҷҷуҳи сокинони ноҳия ба ҳунару ҳунармандӣ бештар гардид.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки то эълони Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ноҳияи Мӯъминобод 7 маркази ҳунаромӯзӣ фаъолият мекард. Бо эълони сесолаи ҳунармандӣ шумораи ин марказҳо ба 10 адад расидааст. Бояд гуфт, ки дар доираи татбиқи иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, то имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ даҳҳо мактабу сех ва коргоҳҳои ҳунармандӣ ташкил шудаанд.
Дар марказҳои ҳунаромӯзии ноҳия дар маҷмӯъ 85 намуди ҳунарҳои мардумӣ омӯзонида мешаванд. Бонувони ҳунарманд талош бар он доранд, ки ҳарчи бештар ҷавондухтаронро ба ин курсҳо фаро гиранд ва дар эҳёю рушди ҳунарҳои аҷдодӣ саҳм гузоранд.
Зимни суҳбати самимӣ бо модарони ҳунарманди ноҳияи Муъминобод Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки сару либоси миллӣ инъикоскунандаи таъриху фарҳанг ва анъанаву ҳунарҳои миллӣ буда, қавму миллатҳоро ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунад. Аз ин рӯ, вазифаи ҳар як сокини кишвар, бахусус занони тоҷик аст, ки дар самти эҳёи ҳунарҳои мардумӣ нақшгузор бошанд ва барои пешгирӣ аз бегонапарастиву тақлидкорӣ миёни ҷавонон, ҳамчунин ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба мамлакат саҳмгузор бошанд. Тибқи маълумот, давоми 6 моҳи соли 2019 зиёда аз 11 ҳазор сайёҳ ба ноҳияи Мӯъминобод ташриф овардаанд.
Баъд аз тамошои намоишгоҳ, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳунари занону ҷавондухтарони ноҳияи Мӯъминобод баҳои баланд дода, онҳоро ба саҳмгузорӣ дар эҳё ва инкишофи ҳунарҳои миллӣ ва тарбияи ҷавонон ҳидоят намуданд.









Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбоновро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Сянро ба ҳузур пазируфтанд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Меҳргон
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон шуданд
Анҷоми сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши ҳафтуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон






