ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 сентябр, чоршанбе, 261-умин рӯзи соли 2019 аст

Сентябрь 18, 2019 08:00

18 сентябри соли 2008 дар бӯстонсарои беруназшаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Форуми сеюми зиёиёни эҷодкор ва илмии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор гардид.

***

6 сол пеш, 18 сентябри соли 2013 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Созишномаи ҳарбӣ миёни Тоҷикистону Россияро, ки 5 октябри соли 2012 дар шаҳри Душанбе ба имзо расид, барои тасдиқ ба  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар кори Ассамблеяи генералии 72-юми Созмони Милали Муттаҳид ба шаҳри Ню-Йорки ИМА сафар карданд.

18 СЕНТЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи байналмилалии мониторинги сифати об.

***

Дар Озарбойҷон – Рӯзи мусиқии миллӣ.

***

Дар Арманистон – Рӯзи ситорашиносӣ.

РӮЙДОДҲО:

18 сентябри соли 2009 дар шаҳри Душанбе масоили васеи ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Америка дар доираи созмонҳои байналхалқӣ баррасӣ шуд.

***

18 сентябри соли 2010 дар шаҳри Душанбе Фестивали байналмилалии «Фазои дӯстӣ» доир шуд.

***

7 сол пеш, 18 сентябри соли 2012 дар пойтахти мамлакат   намоиш-ярмаркаи маҳсулоти Ноҳияи мухтори Синзян-Ӯйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид.

***

18 сентябри соли 2015 дар шаҳри Турсунзодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ду корхонаи бузурги истеҳсолӣ — Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Вежа фармасевтикалс» ва Корхонаи истеҳсоли маҳсулоти чиниворӣ ва хиштҳои ба оташ тобовар ба истифода дода шуданд.

***

72 сол муқаддам, 18 сентябри соли  1947 Раёсати марказӣ-иктишофии ИМА таъсис дода шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 1980 аввалин киштии кайҳонии «Союз-38» бо кайҳоннаварди кубагӣ  ба кайҳон баромад.

***

18 сентябри соли  1981 дар Франсия ҳукми қатл бекор карда шуд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 2015 дар шаҳри Душанбе аввалин ҷамъомади ҷумҳуриявии  адвокатҳои Тоҷикистон баргузор гардид.

***

Соли 1851 аввалин шумораи рӯзномаи «Ню-Йорк Таймс» аз нашр баромад, ки 2 сент арзиш дошт.

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад.

Сентябрь 18, 2019 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 октябр, ҷумъа, 283-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 октябр, панҷшанбе, 282-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 октябр, чоршанбе, 281-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 октябр, сешанбе, 280-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 октябр, душанбе, 279-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 октябр, якшанбе, 278-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 октябр, шанбе, 277-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 октябр, ҷумъа, 276-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 октябр, панҷшанбе, 275-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 сентябр, сешанбе, 273-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 сентябр, душанбе, 272-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 сентябр, якшанбе, 271-умин рӯзи соли 2025 аст