ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 сентябр, шанбе, 271-умин рӯзи соли 2019 аст
28 сентябри соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти савдо ва хизматрасонии маишӣ»-ро маъқул дониста, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карданд.
***
4 сол пеш, 28 сентябри соли 2015 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муколамаи интерактивии Саммити 2015 оид ба мавзӯи «Ба хотири ҳифзи сайёраи мо ва дар ҷодаи мубориза бо тағйирёбии иқлим» суханронӣ карда буданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2010 дар шаҳри Душанбе оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷоратии Тоҷикистону Қазоқистон форуми тиҷоратӣ баргузор гардид.
28 СЕНТЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Рӯзи байналмилалии баҳр.
***
Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди бадҷаҳлӣ.
***
Дар Россия – Рӯзи кормандони саноати атомӣ.
РӮЙДОДҲО:
28 сентябри соли 2002 дар шаҳри Душанбе комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба тақсимот ва муайянкунии сарҳади давлатӣ ба кори худ оғоз кард, ки то 5 октябр давом ёфт.
***
28 сентябри соли 2016 дар шаҳри Хуҷанд ҷаласаи 14-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шӯрои роҳбарони Хадамоти гумруки кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.
***
2 сол пеш, 28 сентябри соли 2017 Барномаи рушди кино дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.
***
28 сентябри соли 2018 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 1950 Индонезия ба ҳайати СММ шомил шуд.
***
59 сол муқаддам, 28 сентябри соли 1960 дар Созмони Шартномаи Атлантикаи Шимолӣ фармондеҳии ягонаи қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ таъсис дода шуд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 2017 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ ба ифтихори 25 – солагии барқарорсозии муносиботи дипломатӣ байни ду давлат барномаи фарҳангии «Шоми дӯстии Тоҷикистону Корея» баргузор гардид.
***
Соли 1992 аввалин маротиба маъракаи даъват ба сафи қувваҳои мусаллаҳи Россия оғоз гардид.
шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ зад