ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 сентябр, ҷумъа, 249-умин рӯзи соли 2019 аст

Сентябрь 6, 2019 08:00

6 сентябри соли 1999 дар майдони «Дӯстӣ»-и шаҳри Душанбе муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ гузошта шуд, ки 13 метр баландӣ дорад.

***

10 сол пеш, 6 сентябри соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими мавриди истифода қарор гирифтани бемористони хусусии  Абуалӣ Ибни Сино, воқеъ дар кӯчаи Фотеҳ Ниёзии шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2015 Корхонаи истеҳсоли сементи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тоҷ-Чайна-2013» ба истифода дода шуд.

6 СЕНТЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Покистон – Рӯзи мудофиа.

***

Дар Чили – Рӯзи ваҳдати миллӣ.

 РӮЙДОДҲО:

6 сентябри соли 2012 ҷавондухтари варзишгар, муштзани бомаҳорати тоҷик Мавзуна Чориева, ки дар бозиҳои ХХХ олимпии Лондон ба гирифтани ҷойи сеюм ва медали биринҷии олимпӣ мушарраф гардида, Парчами давлатии Тоҷикистонро дар он ҷо парафшон намуд, бо ордени  «Шараф» ва 200 ҳазор сомонӣ ҷоизаи президентӣ сарфароз гардонида шуд.

***

5 сол пеш, 6 сентябри соли 2014 дар шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Sheraton Dushanbe Hotel» ба истифода дода шуд.

***

6 сентябри соли 2014 дар шаҳри Душанбе дуюмин пойгоҳи инноватсионии ронандагии «Автодром» ифтитоҳ ёфт.

***

6 сентябри соли 2017 бо ташаббуси Сафорат ва мусоидати Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар саҳни ҳавлии Сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Берлин айвони миллӣ насб карда шуд. Айвони мазкур бо санъати баланди чӯбкорӣ кандакорӣ шуда, ба ҳайси як гӯшаи зинда санъати миллӣ, таърихи куҳан ва ҳунари волои мардуми тоҷикро дар ин кишвари Аврупо муаррифӣ хоҳад кард.

***

Дар  ин рӯзи соли 1873 Федератсияи футболи Шотландия таъсис дода шуд, ки яке аз қадимтаринҳо дар ҷаҳон мебошад.

***

120 сол муқаддам, 6 сентябри соли 1899  ИМА барои муносибат бо Чин   сиёсати «дарҳои кушод» эълон карданд.

***

Дар ин рӯзи соли 1936 унвони фахрии «Артисти халқии Иттиҳоди Шӯравӣ» таъсис дода  шуд.

***

6 сентябри соли 2000 дар Ню-Йорк вохӯрии ҷашнии сарони давлатҳои узви СММ «Саммити ҳазорсола» баргузор гардид.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

 Соли 2006 аввалин шумораи маҷаллаи давлатӣ – сиёсӣ ва ҷамъиятӣ- фарҳангии «Бонувони Тоҷикистон» аз чоп баромад.

***

Соли 2011 дар шаҳри Душанбе бинои баландошёна – маркази тиҷоратии «Душанбе-Плаза» ба истифода дода шуд.

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ зад

Сентябрь 6, 2019 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 декабр, чоршанбе, 339-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 декабр, сешанбе, 338-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 декабр, душанбе, 337-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 декабр, якшанбе, 336-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 ноябр, шанбе, 335-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 ноябр, ҷумъа, 334-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 ноябр, панҷшанбе, 333-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 ноябр, чоршанбе, 332-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 ноябр, сешанбе, 331-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 ноябр, душанбе, 330-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 ноябр, якшанбе, 329-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 ноябр, шанбе, 328-умин рӯзи соли 2024 аст