«Тавҳидбонк», аввалин бонки исломӣ дар Тоҷикистон, соҳиби иҷозатнома гардид

Сентябрь 17, 2019 15:04

ДУШАНБЕ, 17.09.2019/АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон дар роҳ ба сӯи бонкдории исломӣ қадамҳои нахустин мегузорад. Далели ин соҳиби иҷозатнома гардидани аввалин бонки исломӣ дар Тоҷикистон- «Тавҳидбонк»  мебошад, ки минбаъд барои анҷом додани амалиёти бонкии исломӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ дар бозори хизматрасониҳои бонкии мамлакат фаъолияти худро ба роҳ монда, тавсеа мебахшад.

Дар ин росто, имрӯз Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода ба иҷрокунандаи вазифаи раиси Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тавҳидбонк» Шералӣ Зардов иҷозатнома барои фаъолияти бонкдории исломӣ супорид. Ҷамшед Нурмуҳаммадзода изҳор дошт, ки ба фаъолият шурӯъ кардани аввалин бонки исломӣ дар Тоҷикистон барои низоми бонкии мамлакат рӯйдоди муҳим арзёбӣ

гардида,  саҳифаи наверо дар рушди бонкдории исломӣ дар мамлакат боз намуда инчунин барои ҷалби сармояи хориҷӣ ва кушодани бонкҳои нав бо принсипи бонкдории исломӣ дар Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард. Ҳамзамон ҷиҳати фаъолияти пурсамар барои рушди низом бо истифода аз таҷрибаи нави бонкдории исломӣ ба роҳбарияти «Тавҳидбонк» дастуру тавсияҳои мушаххас дода шуд.

Мусаллам аст, ки бо мақсади муҳайё намудани заминаи ҳуқуқӣ барои роҳандозӣ намудани бонкдории исломӣ  дар мамлакат ҳанӯз соли 2014 Парлумони мамлакат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ» қабул намуда буд. Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии фаъолияти бонкии исломиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуда, барои пешбурди фаъолияти бонкии исломӣ шароити мусоид фароҳам месозад.

Бояд тазаккур дод, ки бо ташабусси саҳмиядорони ҶСК «Соҳибкорбонк» бинобар ба бонки исломӣ табдил додани бонк бо қарори Маҷлиси умумии саҳмиядорон аз 12 июни соли 2019  номи он ба ҶСК «Тавҳидбонк» табдил дода шуд.

Сентябрь 17, 2019 15:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Дӯстӣ ҷамъоварии шолӣ оғоз гардид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд ба мавсими сармо омода мебошанд
Дар доираи TAJ-TECH 2026 дар Душанбе Форуми стартапҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд
Боғпарварони ноҳияи Лахш имсол ҳосили фаровони мева мерӯёнанд
Энергетикҳои тоҷик дар Латвия оид ба рақамикунонии соҳаи энергетика табодули таҷриба намуданд
«Шоҳин Эйрлайнз» нахустин ҳавопаймои худ — L-410 NG-ро муаррифӣ намуд
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистону Русия дар ҳашт моҳ ба 1 миллиарду 676,5 миллион доллар расид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1600 то 9.2331 сомонӣ муқаррар шудааст
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкорӣ дар самти сармоягузориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ шуд
Ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ҷамъбаст гардиданд