«Тавҳидбонк», аввалин бонки исломӣ дар Тоҷикистон, соҳиби иҷозатнома гардид
ДУШАНБЕ, 17.09.2019/АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон дар роҳ ба сӯи бонкдории исломӣ қадамҳои нахустин мегузорад. Далели ин соҳиби иҷозатнома гардидани аввалин бонки исломӣ дар Тоҷикистон- «Тавҳидбонк» мебошад, ки минбаъд барои анҷом додани амалиёти бонкии исломӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ дар бозори хизматрасониҳои бонкии мамлакат фаъолияти худро ба роҳ монда, тавсеа мебахшад.
Дар ин росто, имрӯз Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода ба иҷрокунандаи вазифаи раиси Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тавҳидбонк» Шералӣ Зардов иҷозатнома барои фаъолияти бонкдории исломӣ супорид. Ҷамшед Нурмуҳаммадзода изҳор дошт, ки ба фаъолият шурӯъ кардани аввалин бонки исломӣ дар Тоҷикистон барои низоми бонкии мамлакат рӯйдоди муҳим арзёбӣ
гардида, саҳифаи наверо дар рушди бонкдории исломӣ дар мамлакат боз намуда инчунин барои ҷалби сармояи хориҷӣ ва кушодани бонкҳои нав бо принсипи бонкдории исломӣ дар Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард. Ҳамзамон ҷиҳати фаъолияти пурсамар барои рушди низом бо истифода аз таҷрибаи нави бонкдории исломӣ ба роҳбарияти «Тавҳидбонк» дастуру тавсияҳои мушаххас дода шуд.
Мусаллам аст, ки бо мақсади муҳайё намудани заминаи ҳуқуқӣ барои роҳандозӣ намудани бонкдории исломӣ дар мамлакат ҳанӯз соли 2014 Парлумони мамлакат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ» қабул намуда буд. Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии фаъолияти бонкии исломиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуда, барои пешбурди фаъолияти бонкии исломӣ шароити мусоид фароҳам месозад.
Бояд тазаккур дод, ки бо ташабусси саҳмиядорони ҶСК «Соҳибкорбонк» бинобар ба бонки исломӣ табдил додани бонк бо қарори Маҷлиси умумии саҳмиядорон аз 12 июни соли 2019 номи он ба ҶСК «Тавҳидбонк» табдил дода шуд.












«Барномаи давлатии омӯзиши криосфера ва ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030» тасдиқ гардид
Дар Москва иҷлосияи 49-уми Шуро оид ба авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоӣ таҳти раёсати намояндаи Тоҷикистон доир шуд
Дар Душанбе дар доираи Форуми байналмилалии «Digital Tajikistan–2026» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Масъалаҳои густариши ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистон ва Русия баррасӣ гардиданд
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Соли 2026 метавонад яке аз чор соли гармтарин дар таърихи мушоҳидаҳои иқлимӣ бошад
Ҳайати мақомоти зиддикоррупсионии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шабакаи зиддикоррупсионии Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок кард
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.2000 то 9.2575 сомонӣ муқаррар гардидааст
Дар Москва бо ташаббуси Кумитаи байнидавлатии авиатсионӣ Конфронси сатҳи баланд оид ба бехатарии парвозҳо баргузор гардид
Бо мақсади рушди фаъолияти соҳибкории занон бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ вохӯрӣ доир гардид
ҲУШДОРИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН: ҳар як паём ё файлро бодиққат санҷед
Форуми сеюми байналмилалии соҳаи саноати маъданҳои кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон доир шуд
Дар Душанбе сеюмин Форуми байналмилалии ПЛАС «Digital Tajikistan 2026» баргузор гардид






