«ТИЛЛОИ САФЕД» – БА ВАТАН. Бо истифода аз рӯзҳои офтобӣ кишоварзон беш аз 33 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 11.09.2019. /АМИТ «Ховар»/. То 6 сентябр дар ҷумҳурӣ ба миқдори 33 ҳазору 582 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки 8,1 фоизи иҷрои дурнаморо ташкил медиҳад. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 19 146 тонна зиёд мебошад. Дар ин бора аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Тибқи маълумоти Раёсати растанипарварӣ, шурўъ аз моҳи август дар ҷумҳурӣ ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардида, муташаккилона идома дорад. Кишоварзон аз ин рӯзҳои офтобии моҳи сентябр самаранок истифода намуда, кӯшиш доранд ҳосили саҳроро ҳарчи тезтар ҷамъоварӣ намоянд.
Бино ба итттилои манбаъ, дар ин маъракаи муҳим 121 ҳазору 981 нафар чинакчиён ба ҷамъоварии пахта машғул мебошанд.
Бояд гуфт, ки пахта дар мамлакати мо зироати сердаромад ба ҳисоб рафта, нахашро мефурӯшанд, аз пунбадонааш равған гирифта, кунҷораашро барои хӯроки чорво ва пояашро чун сӯзишворӣ истифода мебаранд. Аз ин рӯ онро “тиллои сафед”меноманд.








Дар ноҳияи Ҷайҳун сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 250 мегаватт идома дорад
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад






