Тоҷикистон ва Салтанати Уммон ёддошти тафоҳум оид ба машваратҳои сиёсӣ миёни ВКХ ба имзо расониданд

Сентябрь 18, 2019 08:10

ДУШАНБЕ, 18.09.2019 /АМИТ  «Ховар»/. 16 сентябри соли 2019 дар шаҳри Масқат маросими имзои Ёддошти тафоҳум оид ба баргузории машваратҳои сиёсӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Салтанати Уммон баргузор гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, Ёддоштро аз ҷониби Тоҷикистон  Сафири давлати мо дар Давлати Кувайт Зубайдзода Зубайдулло ва аз ҷониби Уммон Муовини аввали Вазири корҳои хориҷӣ Шайх Халифа ибни Алӣ ибни Исо ал-Ҳорисӣ имзо намуданд.

Баъд аз маросими мазкур ҷонибҳо мулоқот намуда, ҳолат ва дурнамои ҳамкориро баррасӣ карданд ва перомуни масъалаҳои муҳим табодули афкор намуданд.

Сентябрь 18, 2019 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Теҳрон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир шуд
АЗ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ТО ТАШАККУЛИ РӮЗНОМАИ ҶАҲОНИИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар ин маврид
Намояндаи доимии Тоҷикистон дар нишасти ғайринавбатии Шурои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои СҲИ иштирок намуд
Бо ташаббуси Тоҷикистон СММ 31 августро Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод эълон намуд
Антониу Гутерриш: «Тоҷикистон дар пешбурди рӯзномаи байналмилалӣ оид ба масъалаҳои об ва пиряхҳо нақши пешсаф дорад»
Дар Миср ду китоб оид ба Тоҷикистон ба забони арабӣ ба нашр расид
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Умон баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони бурунмарзии муқими Русия вохӯрӣ намуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
Сарвазири Тоҷикистон бо муовини Вазири корҳои хориҷии Салтанати Умон мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Туркманистон бо директори Дафтари лоиҳавии Маркази минтақавии экологӣ барои Осиёи Марказӣ мулоқот намуд
Дар Теҳрон таҳти унвони «Робиаи Балхӣ: чеҳраи дурахшони назми аҳди Сомониён» ҳамоиши илмӣ доир гардид