Тоҷикистон ва Салтанати Уммон ёддошти тафоҳум оид ба машваратҳои сиёсӣ миёни ВКХ ба имзо расониданд
ДУШАНБЕ, 18.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. 16 сентябри соли 2019 дар шаҳри Масқат маросими имзои Ёддошти тафоҳум оид ба баргузории машваратҳои сиёсӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Салтанати Уммон баргузор гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, Ёддоштро аз ҷониби Тоҷикистон Сафири давлати мо дар Давлати Кувайт Зубайдзода Зубайдулло ва аз ҷониби Уммон Муовини аввали Вазири корҳои хориҷӣ Шайх Халифа ибни Алӣ ибни Исо ал-Ҳорисӣ имзо намуданд.
Баъд аз маросими мазкур ҷонибҳо мулоқот намуда, ҳолат ва дурнамои ҳамкориро баррасӣ карданд ва перомуни масъалаҳои муҳим табодули афкор намуданд.








Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд






