Забоншиносони сатҳи ҷаҳонӣ вазъи забони тоҷикӣ дар минтақаҳои тоҷикнишини Осиёи Марказиро баррасӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 27.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири гиромидошти Рӯзи забони давлатӣ 5 октябр, соати 09:00, дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи «Вазъи забони тоҷикӣ дар минтақаҳои тоҷикнишини Осиёи Марказӣ» конференсияи байналмилалӣ доир менамояд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» муовини Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саодатшо Матробиён иттилоъ дод.
«Дар конференсия олимону забоншиносон аз кишварҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Федератсияи Россия ва Афғонистон иштирок намуда, фикру мулоҳизаҳои худро доир ба бузургии забони тоҷикӣ, мушкилот ва ҳифзу нигоҳдошти он дар ҷаҳони муосир иброз медоранд»,-гуфт номбурда.
Ба маълумоти ҳамсуҳбат, дар ҳамоиши илмии байналмилалӣ, аз ҷумла дар мавзӯи «Забони тоҷикӣ дар Россия: таърих ва вазъи муосир» –доктори илмҳои иҷтимоӣ, профессори кафедраи забонҳои ҳиндуаврупоӣ ва африқоии Донишкадаи давлатии муносибатҳои байналмилалии Москва Ҳалима Хушқадамова (Россия), «Тамаддуни тоҷикон дар гузари замон» – Муҷибуллоҳ Пӯён Маликзода (Афғонистон), «Асолати забони тоҷикӣ дар Осиёи Миёна» –узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзо Ҳасани Султон, «Хусусиятҳои таълими забони тоҷикӣ ва адабиёти тоҷикӣ дар муассисаҳои таълимии Ӯзбекистон ва Қирғизистон» – номзади илмҳои филологӣ, дотсент Азим Байзоев, «Нақши нашрияҳои тоҷикии Қирғизистон дар ростои беҳбуди ҷойгоҳи забону фарҳанги миллӣ» – муовини раиси Иттиҳодияи ҷамъиятии тоҷикони Қирғизистон ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ Қодиршои Мурувват (Қирғизистон), «Забони модарии сӯхиён тоҷикӣ буду бояд тоҷикӣ монад» – устоди кафедраи забоншиносӣ Ҷумъаи Ҷамол (Донишгоҳи давлатии Фарғона, Ҷумҳурии Ӯзбекистон), «Аз таърихи дастурнависии забони тоҷикӣ» – узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфиддин Назарзода, «Он чӣ аён аст» –устоди Институти азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисоси ходимони педагогии вилояти Самарқанд ба номи Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ Амина Шарофиддинова (Самарқанд, Ҷумҳурии Ӯзбекистон), «Инъикоси мақоми байналмилалии забони тоҷикӣ дар асари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Забони миллат – ҳастии миллат» – доктори илмҳои филологӣ, профессор Назрӣ Офаридаев (Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев), «Вазъи омӯзиши забони тоҷикӣ дар Донишгоҳи давлатии забоншиносии Москва: вазифаҳои асосии Маркази забону фарҳанги тоҷикӣ»- номзади илмҳои филологӣ Хуршед Сайдумаров (Донишгоҳи давлатии забоншиносии Москва, Федератсияи Россия) маърӯзаҳо шунида хоҳанд шуд.
Мавриди зикр аст, ки имрӯз забони тоҷикӣ на танҳо забони илм, адабиёт, фарҳанг, балки чун забони сиёсат аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид садо дода, мояи ифтихор ва сарбаландии ҳар фарди ватандӯст ва соҳибмаърифат мебошад. Гиромидошт, риояи меъёрҳо ва татбиқи ҳамаҷонибаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» яке аз вазифаҳои муҳими соҳибзабонон ба ҳисоб меравад.
Ёдовар мешавем, ки 10 сол қабл, 5 октябри соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул шуд, ки он дурнамои рушди забони давлатиро дар асоси меъёрҳои муқарраргардида дар иртибот ба вазъи ҳуқуқии забони давлатӣ, аз ҷумла меъёрҳои истифодаи дигар забонҳо дар шароити кунунии муносибатҳои дохилӣ ва хориҷии мамлакат танзим ва муқаррар менамояд.
Мавҷуда АНВАРӢ,
АМИТ «Ховар»








Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон толори Сомониён пас аз навсозӣ ифтитоҳ гардид
РӮЗҲОИ СИНАМОИ ҚИРҒИЗИСТОН. Дар кинотеатри «Наврӯз»-и Душанбе се филми қирғизӣ ба намоиш гузошта мешавад
«ШОҲИ ТАОМҲО». Фестивали «Оши палав» ва Намоиш-фурӯши шолӣ ва биринҷ бо шукӯҳу шаҳомати хос доир гардид
«ОМАД ХУҶАСТА МЕҲРГОН, ҶАШНИ БУЗУРГИ ХУСРАВОН!». Дар Душанбе Иди Меҳргон таҷлил гардид
Президенти Тоҷикистон: «Меҳргон бояд ба омили рушди фарҳанг, сайёҳӣ ва иқтисоди миллӣ табдил дода шавад»
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Форуми байналмилалии «Ҳамкории муштараки киносозону продюсерон» ва нишасти матбуотӣ баргузор гардид
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг доир шуд
Иштирокдорони Анҷумани сеюми забоншиносони ҷаҳон бо осори таърихию фарҳангии Осорхонаи миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Пагоҳ дар Тоҷикистон Иди Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон оғоз гардиданд
ИМРӮЗ–РӮЗИ КИНОИ ТОҶИК. Аз соли 1991 то соли 2025 дар маҷмуъ 313 филм ба навор гирифта шудааст






