1 ноябр дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумии Тоҷикистон таътили тирамоҳӣ оғоз меёбад
ДУШАНБЕ, 24.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. 1 ноябр дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон таътили тирамоҳӣ оғоз шуда, то 10 ноябр идома меёбад.
Тавре муовини сардори Раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёратшоҳ Назруллозода ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, чоряки якум 31 октябр дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ҷамъбаст гардида, хонандагон ба муддати даҳ рӯз ба таътили тирамоҳӣ мебароянд.
Ба иттилои манбаъ, ин таътил танҳо ба хонандагон дахл дошта, омӯзгорон дар ин муддат ба корҳои методӣ ва гузаронидани маҷлисҳои падару модарон, суҳбат бо волидайни хонандагон ва чорабиниҳои таълимӣ сафарбар мешаванд. Инчунин барои хонандагон рӯйхати китобҳо тавсия мешавад, то дар таътили тирамоҳӣ онҳоро мутолиа намоянд.
Дар давраи таътили тирамоҳӣ даври якуми олимпиадаи дохилии мактабӣ оғоз мегардад, ки хонандагони фаъол дар он иштирок менамоянд.
Бояд зикр намуд, ки олимпиадаи ҷумҳуриявии мактаббачагон ҳамасола дар таътили зимистона гузаронида мешавад. Барои иштирок намудан дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ он аз моҳи ноябр дар байни мактаббачагон гузаронида шуда, сипас дар сатҳи ноҳиявӣ ва ҷумҳуриявӣ доир мегардад.
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифтааст, ки дар таътили тирамоҳӣ хонандагонро ба барномаҳои илмию адабӣ, китобхонаҳо, мусобиқаҳои варзишӣ, дарсҳои иловагии компютерӣ, ҳафтаи адибон ва таҷлили 25-умин солгарди Кониститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикиситон ҷалб намояд.
Зиёратшоҳ Назруллозода иброз дошт, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоян: «равандҳои замони муосир аҳли маорифро водор месозанд, ки дар тарғиби моҳияти истиқлолу озодӣ ва ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, таблиғу ташвиқи арзишҳои маънавӣ, аз ҷумла забон, таъриху фарҳанг, расму оин, анъанаҳои миллӣ ва ба ин восита дар замири хонандагон таҳким бахшидани ҳисси миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва омода будан ба ҳифзи манфиатҳои Тоҷикистони азизамон саҳми калидӣ дошта бошанд. Яке аз ҳадафҳои муҳиме, ки дар назди устодону омӯзгорон қарор дорад, тарбияи мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир ва мутобиқ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мебошад ва мо ин гуфтаҳоро сармашқи фаъолияти худ қарор додаем».
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар рӯҳияи хештаншиносӣ ва ватанпарварӣ тарбия намудани насли наврас ҳамеша корҳои муфид ва барномаҳои тарбиявӣ амалӣ месозад.
Ёддовар мешавем, ки 25 сентябри соли 2018 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2016» ба тасвиб расид. Тибқи он ба Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2016 тасдиқ шудааст, тағйирот ворид карда шуд.
Тибқи тағйироти роҳандозишуда, соли таҳсил 36 ҳафтаи таълимӣ (барои синфҳои якум 35 ҳафта)-ро дар бар гирифта, ба чор чоряк тақсим гардид.
Чоряки якум аз 1 сентябр то 31 октябр, чоряки дуюм аз 11 ноябр то 31 декабр, чоряки сеюм аз 11 январ то 20 март ва чоряки чорум аз 1 апрел то 14 июн идома меёбад.
Инчунин таътили тирамоҳӣ 10 рӯз (аз 1 то 10 ноябр), таътили зимистона 10 рӯз (аз 1 то 10 январ), таътили баҳорӣ 7 рӯз (аз 25 то 31 март) ва таътили тобистона пас аз анҷоми соли таҳсил ва ҷамъбасти аттестатсия то 31 август идома ёфта, машғулиятҳо барои хонандагони синфҳои 1 як ҳафта пеш аз анҷоми соли таҳсил ба охир мерасанд.
Бояд зикр намуд, ки таътили тирамоҳию баҳорӣ дар Тоҷикистон тахминан даҳ сол пеш барҳам дода шуда буд. Бино ба сабаби сардиҳои моҳи январ ба ҷои онҳо танҳо истироҳати зимистонаи якмоҳа- аз 1 то 31 январ ҷорӣ гардида буд.








Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст
Дар нимаи моҳи октябр дар Тоҷикистон пастшавӣ ва тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар аст
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия чиро бояд донист?
ЗАБОН-РУКНИ МУҲИММИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвон ҳамоиш баргузор гардид
Институти астрофизика бо таҷҳизоти муосири астрономӣ таъмин гардид
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Шоҳҷоизаи озмун насиби Холбӣ Амонбекова аз шаҳри Хоруғ гардид
Дар Тоҷикистон ду нафари аз 110-сола боло зиндагӣ менамоянд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПИРОНСОЛОН. Куҳансолон хазинаи бебаҳои инсоният мебошанд
Масъалаи ҳифзи кӯдакон аз таъсири таблиғи ғизои носолим баррасӣ гардид
Дар вилояти Хатлон ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Хушдомани беҳтарин» муайян гардиданд
Осори Мавлоно чун падидаи нодири адабиёт ва андешаи башарӣ то имрӯз аҳаммияти бузурги маънавию ахлоқӣ дорад






