1 ноябр дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумии Тоҷикистон таътили тирамоҳӣ оғоз меёбад

Октябрь 24, 2019 15:50

ДУШАНБЕ, 24.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. 1 ноябр дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон таътили тирамоҳӣ оғоз шуда, то 10 ноябр идома меёбад.

Тавре муовини сардори Раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёратшоҳ Назруллозода ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, чоряки якум 31 октябр дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ҷамъбаст гардида, хонандагон ба муддати даҳ рӯз ба таътили тирамоҳӣ мебароянд.

Ба иттилои манбаъ, ин таътил танҳо ба хонандагон дахл дошта, омӯзгорон дар ин муддат ба корҳои методӣ ва гузаронидани маҷлисҳои падару модарон, суҳбат бо волидайни хонандагон ва чорабиниҳои таълимӣ сафарбар мешаванд. Инчунин барои хонандагон рӯйхати китобҳо тавсия мешавад, то дар таътили тирамоҳӣ онҳоро мутолиа намоянд.

Дар давраи таътили тирамоҳӣ даври якуми олимпиадаи дохилии мактабӣ оғоз мегардад, ки хонандагони фаъол дар он иштирок менамоянд.

Бояд зикр намуд, ки олимпиадаи ҷумҳуриявии мактаббачагон ҳамасола дар таътили зимистона гузаронида мешавад. Барои иштирок намудан дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ он аз моҳи ноябр дар байни мактаббачагон  гузаронида шуда, сипас дар сатҳи ноҳиявӣ ва ҷумҳуриявӣ доир мегардад.

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифтааст, ки дар таътили тирамоҳӣ хонандагонро ба барномаҳои илмию адабӣ, китобхонаҳо, мусобиқаҳои варзишӣ, дарсҳои иловагии компютерӣ, ҳафтаи адибон ва таҷлили 25-умин солгарди Кониститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикиситон ҷалб  намояд.

Зиёратшоҳ Назруллозода иброз дошт, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоян: «равандҳои замони муосир аҳли маорифро водор месозанд, ки дар тарғиби моҳияти истиқлолу озодӣ ва ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, таблиғу ташвиқи арзишҳои маънавӣ, аз ҷумла забон, таъриху фарҳанг, расму оин, анъанаҳои миллӣ ва ба ин восита дар замири хонандагон таҳким бахшидани ҳисси миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва омода будан ба ҳифзи манфиатҳои Тоҷикистони азизамон саҳми калидӣ дошта бошанд. Яке аз ҳадафҳои муҳиме, ки дар назди устодону омӯзгорон қарор дорад, тарбияи мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир ва мутобиқ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мебошад ва мо ин гуфтаҳоро сармашқи фаъолияти худ қарор додаем».

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар рӯҳияи хештаншиносӣ ва ватанпарварӣ тарбия намудани насли наврас ҳамеша корҳои муфид ва барномаҳои тарбиявӣ амалӣ месозад.

Ёддовар мешавем, ки 25  сентябри соли 2018 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2016» ба тасвиб расид. Тибқи он ба Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2016 тасдиқ шудааст, тағйирот ворид карда шуд.

Тибқи тағйироти роҳандозишуда, соли таҳсил 36 ҳафтаи таълимӣ (барои синфҳои якум 35 ҳафта)-ро дар бар гирифта, ба чор чоряк тақсим гардид.

Чоряки якум аз 1 сентябр то 31 октябр, чоряки дуюм аз 11 ноябр то 31 декабр, чоряки сеюм аз 11 январ то 20 март ва чоряки чорум аз 1 апрел то 14 июн идома меёбад.

Инчунин таътили тирамоҳӣ 10 рӯз (аз 1 то 10 ноябр), таътили зимистона 10 рӯз (аз 1 то 10 январ), таътили баҳорӣ 7 рӯз (аз 25 то 31 март) ва таътили тобистона пас аз анҷоми соли таҳсил ва ҷамъбасти аттестатсия то 31 август идома ёфта, машғулиятҳо барои хонандагони синфҳои 1 як ҳафта пеш аз анҷоми соли таҳсил ба охир мерасанд.

Бояд зикр намуд, ки  таътили тирамоҳию баҳорӣ  дар Тоҷикистон тахминан даҳ сол пеш барҳам дода шуда буд.  Бино ба сабаби сардиҳои моҳи январ ба ҷои онҳо    танҳо истироҳати зимистонаи якмоҳа- аз 1 то 31 январ   ҷорӣ гардида буд.

Октябрь 24, 2019 15:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон 47 шаҳрванди Тоҷикистон аз Сурия ба Ватан баргардонида шуд
«ТОБИСТОН- 2024». Дар Душанбе ҷаласаи ситоди ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» табибони Тоҷикистон ва Эрон амалиёти мураккаби ҷарроҳӣ анҷом доданд
Моҳи май Озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи намунавӣ» дар шаҳри Душанбе ҷамъбаст мегардад
Дар шаҳри Исфара сел талафот ва харобӣ ба амал наовардааст
Бахшида ба оғози Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» ҳамоиш доир гардид
Дар ноҳияи Рӯшон барои пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ машқи мукаммал гузаронида шуд
ДАЪВАТИ ҶАВОНОН БА ОМӮЗИШИ ИЛМ ВА КАСБУ ҲУНАР. Дар ноҳияи Муъминобод оид ба ин мавзуъ вохӯриҳо доир мешаванд
Маъракаҳои пурдабдаба, хароҷоти беҳуда ва хурофотпарастӣ ба сатҳи зиндагонии аҳолӣ таъсири манфӣ мерасонад
Кумакҳои башардӯстонаи Тоҷикистон ба сокинони аз офати табиӣ зарардидаи Қазоқистон расонида шуд
Ба сокинони деҳаҳои Кӯли Калон ва Нушори поёни ноҳияи Тоҷикобод 2 техника бо арзиши 850 ҳазор сомонӣ кумак карда шуд