Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Ёвон ба беш аз 1 миллиард сомонӣ расидааст

Октябрь 19, 2019 11:05

ЁВОН, 19.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар нуҳ моҳи соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳияи Ёвон  ба 1 миллиарду 89 миллиону 945,7 ҳазор сомонӣ расид. Ин  нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 100 миллиону 285,6 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. 

Муовини якуми раиси ноҳияи Ёвон Аскарбек Набизода гуфт, ки дар ин давра  ба миқдори 1 миллиону 810 ҳазору 918 тонна семент, 142 тонна намаки ошӣ, 1050 тонна оҳаки сохтмонӣ, 77,4 ҳазор дона хишти пухта, 994475 дона гаҷкартон, 801,3 тонна риштаи бофандагӣ, 1897,2 ҳазор дона хишти сементӣ, 3 миллион ҷуфт ҷӯроб, 20 ҳазору 475,1 тонна орд, 4496,35 тонна нон ва маҳсулоти нонӣ ва дигар номгӯи маҳсулот истеҳсол гардида, 648  ҳазору 428 тонна семент, 30 тонна намаки ошӣ, 336 ҳазору 80 дона гаҷкартон, 617,3 тонна риштаи пахтагин, 2 миллиону 225,3 ҳазор ҷуфт ҷӯроб, 38,2 тонна риштаҳои рангкардашуда ва 1534,7 тонна алюминийи фтордор ба хориҷи мамлакат содирот гардидааст.

Тибқи иттилои масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон, соли 2019 бахшида ба  30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  саноатикунонии мамлакат   коргоҳи коркарди шири  ҶДММ «Тиҷорати сорбон», коргоҳи истеҳсоли рангҳои эмулсионии ҶДММ «Муаллими Файзалӣ»,  коргоҳи истеҳсоли бомпӯшҳои азбистии ҶДММ «Муқимӣ-1»  ва коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти меваю сабзавоти ҶДММ «Ёсини Ёвон» ба истифода дода шуданд.

Ба иттилои манбаъ, дар ин коргоҳҳои истеҳсолӣ зиёда аз 25  нафар сокинон ба кори доимӣ  ҷалб гардиданд.

Октябрь 19, 2019 11:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид