ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Бо бунёди иншоот бахшида ба ҷашни миллӣ симои шаҳри Конибодом ба куллӣ дигаргун мегардад
ДУШАНБЕ, 15.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат корҳои сохтмониву ободонӣ бомаром идома доранд. Давоми се соли минбаъда бояд дар ҳар як деҳа ва маҳалли аҳолинишини мамлакат коргоҳҳои дӯзандагӣ, майдончаҳои варзишӣ, қасрҳои фарҳанг, бунгоҳҳои тиббӣ, ҳаммом, сартарошхона, кошонаи ҳусн, пулҳо, марказҳои савдо ва боғҳои фарҳангию фароғатӣ бунёд карда шаванд.
Аз оғози сол то имрӯз бахшида ба ин ҷашни миллӣ дар шаҳри Конибодом 159 иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шудаанд.
Тавре аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, тибқи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашн то соли 2021 дар шаҳр бунёду навсозии 506 иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст, ки баъди ба истифода додани онҳо симои шаҳр ба куллӣ дигаргун мегардад. Бояд гуфт, ки бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом ва саҳми сокинону соҳибкорони ватандӯст дар маҷмуъ 252 иншоот мавриди истифода қарор гирифта, нақшаи умумӣ 49,8 дарсад иҷро гардидааст.
Бино ба иттилои манбаъ, танҳо соли равон сохтмони 178 адад иншоот дар назар дошта шудааст. Дар 9 моҳ нақшаи бунёди иншоот бахшида ба ин ҷашни миллӣ 89,3 дарсад иҷро шудааст.








Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як иншоот дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва 13 иншоот дар шаҳри Конибодомро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҶДММ «Сирдарё»-ро ба истифода доданд
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар вилояти Суғд мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли хӯроки чорво ва парандаи ҶДММ «Базаи таъминот»-и ширкати Барсро ифтитоҳ намуданд
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид






