ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар ноҳияи Темурмалик 7 коргоҳи дӯзандагӣ ва 11 дӯкони ҳунармандӣ ба истифода дода мешаванд
ДУШАНБЕ, 31.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат корҳои сохтмониву ободонӣ бомаром идома доранд. Давоми се соли минбаъда бояд дар ҳар як деҳа ва маҳалли аҳолинишини мамлакат коргоҳҳои дӯзандагӣ, майдончаҳои варзишӣ, қасрҳои фарҳанг, бунгоҳҳои тиббӣ, ҳаммом, сартарошхона, кошонаи ҳусн, пулҳо, марказҳои савдо ва боғҳои фарҳангию фароғатӣ бунёд карда шаванд.
Бо мақсади рушду тараққӣ додани соҳаи варзиш дар ҷамоати Танобчии ноҳияи Темурмалик аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Н. Қаюмов ба маблағи 150 ҳазор сомонӣ майдончаи варзишӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Дар ин бора сармутахассиси бахши меъморӣ ва шаҳрсозии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Даврон Одинаев ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод. Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки дар баробари ба истифода додани майдончаи варзишӣ боз як зумра иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуданд. Бояд гуфт, ки то соли 2021 дар ҳудуди ноҳия 7 толори варзишӣ ва 23 майдончаи варзишӣ ба истифода дода мешаванд.
Мавсуф ҳамчунин зикр кард, ки дар се соли оянда дар ҳудуди ноҳияи Темурмалик бунёди 270 иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта шудааст. Ҳоло дар 106 иншоот корҳои сохтмонӣ ба анҷом расида, мавриди истифодаи умум қарор дода шуданд.
Ёдовар бояд шуд, ки то соли 2021 дар ноҳияи Темурмалик дар маҷмуъ 13 бунгоҳи тиббӣ, 8 муассисаи томактабӣ, 6 китобхона, 3 қасри фарҳанг, 1 боғи фарҳангӣ, 2 гулгашт, 2 беморхона, 7 маркази тиббӣ, 1 таваллудхона, 9 нуқтаи хатнакунии кӯдакон, 8 дорухона, 7 майдончаи бозии кӯдакон, 4 меҳмонхонаи замонавӣ, 17 сартарошхона, 14 ҳаммом, 15 кошонаи ҳусн, 5 маркази савдо, 9 маркази хизматрасонӣ, 2 корхонаи коркарди шир, 7 коргоҳи дӯзандагӣ ва 11 дӯкони ҳунармандӣ бунёд мегарданд.
Д. Одинаев дар идомаи суҳбат афзуд, ки дар баробари дигар иншооти сохташаванда таъмири 5 пул, чароғонкунии кӯчаҳо ва кашидани хатҳои оби нӯшокӣ дар назар дошта шудааст.
Инчунин қасри фарҳанг дар деҳаи Чилчаи ҷамоати Бобоюнус аз ҷониби ҶДММ «Фараҳноз»- и шаҳри Кӯлоб ба маблағи 1 миллиону 28 ҳазор сомонӣ, таъмири асосии боғчаи №1 дар ҷамоати шаҳраки Совет ба маблағи 800 ҳазор сомонӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ М.Зокиров, бинои маркази хизматрасонӣ, сартарошхона, кошонаи ҳусн, ҳаммом, коргоҳи дӯзандагӣ ва дӯкони кулолгарӣ ба маблағи 450 ҳазор сомонӣ аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ мавриди истифода қарор дода шуданд, ки хурсандии сокинони Ҷамоати деҳоти Танобчии шаҳраки Совет ҳадду канор надорад.
Дар робита ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ноҳия сохтмони 7 коргоҳи дӯзандагӣ ва 11 дӯкони ҳунармандӣ, аз ҷумла, коргоҳи қолинбофӣ, атласбофӣ ва адрасбофӣ дар назар дошта шудааст.








ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд






