ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар ноҳияи Темурмалик 7 коргоҳи дӯзандагӣ ва 11 дӯкони ҳунармандӣ ба истифода дода мешаванд

Октябрь 31, 2019 11:07

ДУШАНБЕ, 31.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат корҳои сохтмониву ободонӣ бомаром идома доранд. Давоми се соли минбаъда  бояд дар ҳар як деҳа ва маҳалли аҳолинишини мамлакат коргоҳҳои дӯзандагӣ, майдончаҳои варзишӣ, қасрҳои фарҳанг, бунгоҳҳои тиббӣ, ҳаммом, сартарошхона, кошонаи ҳусн, пулҳо, марказҳои савдо ва боғҳои фарҳангию фароғатӣ бунёд карда шаванд. 

Бо мақсади рушду тараққӣ додани соҳаи варзиш дар ҷамоати Танобчии ноҳияи Темурмалик аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ  Н. Қаюмов  ба маблағи 150 ҳазор сомонӣ  майдончаи варзишӣ  мавриди баҳрабардорӣ  қарор гирифт.

Дар ин бора сармутахассиси бахши меъморӣ  ва шаҳрсозии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Даврон Одинаев ба хабарнигори АМИТ «Ховар»  иттилоъ дод. Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки дар баробари ба истифода додани майдончаи варзишӣ  боз як зумра иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуданд. Бояд гуфт, ки то соли 2021 дар ҳудуди ноҳия 7 толори варзишӣ  ва 23 майдончаи варзишӣ  ба истифода дода мешаванд.

Мавсуф ҳамчунин зикр кард, ки дар се соли оянда дар ҳудуди ноҳияи Темурмалик бунёди 270 иншооти ҷашнӣ  ба нақша гирифта шудааст.  Ҳоло дар 106 иншоот корҳои сохтмонӣ ба анҷом расида, мавриди истифодаи умум қарор дода шуданд.

Ёдовар бояд шуд, ки то соли 2021 дар ноҳияи Темурмалик дар маҷмуъ 13 бунгоҳи тиббӣ, 8 муассисаи томактабӣ, 6 китобхона, 3 қасри фарҳанг, 1 боғи фарҳангӣ, 2 гулгашт, 2 беморхона, 7 маркази тиббӣ, 1 таваллудхона, 9 нуқтаи хатнакунии кӯдакон, 8 дорухона, 7 майдончаи бозии кӯдакон, 4 меҳмонхонаи замонавӣ, 17 сартарошхона, 14 ҳаммом, 15 кошонаи ҳусн, 5 маркази савдо, 9 маркази хизматрасонӣ, 2 корхонаи коркарди шир, 7 коргоҳи дӯзандагӣ  ва 11 дӯкони ҳунармандӣ бунёд мегарданд.

Д. Одинаев дар идомаи суҳбат афзуд, ки дар баробари дигар иншооти сохташаванда таъмири 5 пул, чароғонкунии кӯчаҳо ва кашидани хатҳои оби нӯшокӣ  дар назар дошта шудааст.

Инчунин қасри фарҳанг дар деҳаи Чилчаи ҷамоати Бобоюнус аз ҷониби ҶДММ «Фараҳноз»- и шаҳри Кӯлоб ба маблағи 1 миллиону 28 ҳазор сомонӣ, таъмири асосии боғчаи №1 дар ҷамоати шаҳраки Совет ба маблағи 800 ҳазор сомонӣ  аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ М.Зокиров, бинои маркази хизматрасонӣ, сартарошхона, кошонаи ҳусн, ҳаммом, коргоҳи дӯзандагӣ  ва дӯкони кулолгарӣ  ба маблағи 450 ҳазор сомонӣ  аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ  мавриди истифода қарор дода шуданд, ки хурсандии сокинони Ҷамоати деҳоти Танобчии  шаҳраки Совет ҳадду канор надорад.

Дар робита ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ  ва ҳунарҳои мардумӣ  дар ноҳия сохтмони  7 коргоҳи дӯзандагӣ  ва 11 дӯкони ҳунармандӣ,  аз ҷумла, коргоҳи қолинбофӣ, атласбофӣ  ва адрасбофӣ  дар назар дошта шудааст.

Октябрь 31, 2019 11:07

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Имсол дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин 41 иншоот ба истифода дода мешавад
Дар шаҳри Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон иншооти гуногуни ҷашнӣ ба истифода дода шуд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Кушониён синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Беморхонаи марказии ноҳияи Темурмалик пурра навсозӣ гардид
Дар ноҳияи Шаҳринав бинои нави шуъбаи рентгенӣ ба истифода дода шуд
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Рӯдакӣ ду бунгоҳи тиббӣ ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Турсунзода бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз як қатор иншоот мавриди истифода қарор гирифт
Дар Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, ядроӣ ва радиатсионӣ майдончаи варзишӣ ифтитоҳ гардид
Дар шаҳри Турсунзода майдончаи варзишӣ ва Маркази саломатии деҳоти «Чинор» ифтитоҳ гардид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Иттиҳодияи Истеҳсолии Нассоҷии Тоҷик» шинос шуданд
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони бинои маъмурии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон санги асос гузоштанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди бинои нави Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон санги асос гузоштанд