ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар шаҳри Бӯстон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ меҳмонхонаи замонавии «ҲАЁТ» бунёд гардид

Октябрь 3, 2019 10:43

ДУШАНБЕ, 03.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи корҳои ободониву ​ созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Тилло Назархудоев меҳмонхонаи замонавии «ҲАЁТ» бунёд гардид.

Меҳмонхонаи «ҲАЁТ» аз се ошёна иборат буда, дорои 28 ҳуҷра, аз ҷумла 8 ҳуҷраи олӣ мебошад. Дар меҳмонхона барои истироҳату фароғати бароҳати меҳмонон ҳавзи шиноварӣ, толори варзишӣ, ҳаммоми мардонаву занона, ошхонаву қаҳвахона сохта шудааст.​

Барои иҷрои корҳои сохтмонӣ аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ 600 000 сомонӣ масраф гардида, баъди ба истифода додани меҳмонхона 20 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни иштирок дар маросими ифтитоҳи меҳмонхона бунёди чунин иншоот ва фароҳамсозии шароити зарурӣ барои рушди соҳаи сайёҳиро тадбири муҳиму саривақтӣ арзёбӣ кард.​

Соли равон дар шаҳри Бӯстон бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 2 адад маҷмааи хизматрасонии дорои меҳмонхонаҳои муосир мавриди истифода қарор гирифта буд ва бо ифтитоҳи меҳмонхонаи «ҲАЁТ» шумораи меҳмонхонаҳои шаҳри Бӯстон ба 13 адад расид.​

Октябрь 3, 2019 10:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Хуршед Мирзо дар Форуми дуюми Тян-Шон оид ба дастовард ва иқтидори инноватсионии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд