ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар шаҳри Бӯстон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ меҳмонхонаи замонавии «ҲАЁТ» бунёд гардид
ДУШАНБЕ, 03.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Тилло Назархудоев меҳмонхонаи замонавии «ҲАЁТ» бунёд гардид.
Меҳмонхонаи «ҲАЁТ» аз се ошёна иборат буда, дорои 28 ҳуҷра, аз ҷумла 8 ҳуҷраи олӣ мебошад. Дар меҳмонхона барои истироҳату фароғати бароҳати меҳмонон ҳавзи шиноварӣ, толори варзишӣ, ҳаммоми мардонаву занона, ошхонаву қаҳвахона сохта шудааст.
Барои иҷрои корҳои сохтмонӣ аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ 600 000 сомонӣ масраф гардида, баъди ба истифода додани меҳмонхона 20 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин гардиданд.
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни иштирок дар маросими ифтитоҳи меҳмонхона бунёди чунин иншоот ва фароҳамсозии шароити зарурӣ барои рушди соҳаи сайёҳиро тадбири муҳиму саривақтӣ арзёбӣ кард.
Соли равон дар шаҳри Бӯстон бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 2 адад маҷмааи хизматрасонии дорои меҳмонхонаҳои муосир мавриди истифода қарор гирифта буд ва бо ифтитоҳи меҳмонхонаи «ҲАЁТ» шумораи меҳмонхонаҳои шаҳри Бӯстон ба 13 адад расид.












Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд






