ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 566 муассисаи таълимӣ бунёд мешаванд

Октябрь 15, 2019 11:03

ДУШАНБЕ, 15.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017-2021 дар зарфи 5 сол дар маҷмӯъ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бунёди 566 муассисаи таълимӣ ва дигар иншооти муҳими соҳа ба нақша гирифта шудааст.

Тавре аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, иҷрои барномаи мазкур сарфи 1 миллиарду 135 ҳазору 661 сомониро пешбинӣ мекунад. Қарор аст, ки 110 ҳазору 150 ҷойи нишаст барои хонандагону тарбиятгирандагони муассисаҳои таълимӣ ташкил карда шавад.

То имрӯз тибқи Барномаи мазкур 39 иншооти соҳаи маориф бо сарфи зиёда аз 75 миллион сомонӣ бунёд гардидаанд.

Дар зарфи се сол барои сохтмони иншооти мазкур аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ 25,5 миллион сомонӣ, буҷети вилоят ва шаҳру ноҳияҳо 9 миллион сомонӣ, сармояи дохилӣ ва хориҷӣ 26,4 миллион сомонӣ, соҳибкорони ватанӣ ва маҳаллӣ 14,1 миллион сомонӣ ироа гардидааст.

Қобили зикр аст, ки давоми солҳои 2017-2019 дар доираи татбиқи Барномаи мазкур ва берун аз он дар шаҳру навоҳии вилоят ҷамъан 84 муассисаи таълимӣ иборат аз 463 синфхона барои 10521 ҷойи нишаст дар як баст (21042 ҷойи нишаст дар 2 баст) мавриди истифода қарор дода шудааст.

Октябрь 15, 2019 11:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид