Ҳайати Кумитаи рушди маҳал аз чандин иншооте, ки бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Шуғнон бунёд меёбанд, дидан намуд
ДУШАНБЕ, 15.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосим Роҳбар бо ҳайати ҳамроҳонаш барои иштирок дар ҷаласаи сайёри ин кумита ба ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафар намуд.
Дар чаҳорчӯбаи сафар ҳайати Кумитаи рушди маҳал аз чандин иншооте, ки бахшида ба ҷашни миллӣ-30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми солҳои 2018-2019 дар ин ноҳия бино ёфта истодаанд, дидан намуд.
Аз ҷумла, аъзои ҳайат бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №17-и деҳаи Сипинз, ки аз ҷониби Донишгоҳи Осиёи Марказӣ маблағгузорӣ гардида, сохтмони онро ҶДММ «Бозиқалъа» бо сифати баланд анҷом дода истодааст, шинос гардиданд.
Аъзои ҳайати Кумитаи рушди маҳал ҳамчунин ба «Маркази инкишофи барвақтии кӯдак», ки дар деҳаи Манеми Ҷамоати деҳоти Сучон воқеъ аст, рафта, бо кормандони он суҳбат намуданд. Ҳамзамон аз терминали мусофиркашонии деҳаи Бидурди Ҷамоати деҳоти Сучон, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии№28, ки дар он ҷо сохтмони толори варзишӣ идома дорад ва чандин иншооти дигар дидан намуданд.
Сипас Раиси Кумитаи рушди маҳал Қосим Роҳбар аз натиҷаи корҳои ободонию созандагӣ дар ноҳия изҳори қаноатмандӣ намуда, барои пешрафти минбаъдаи корҳо маслиҳатҳои муфид дод.
Дар ҷамъбаст дар ноҳияи Шуғнон дар мавзӯи «Ташаккули худидоракунии маҳаллӣ ҷиҳати таъмини рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳраку деҳот» бо иштироки воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раисони ҷамоатҳои деҳоти ноҳия ва раисони маҳаллаҳо машварати омӯзишӣ баргузор гардид.
Дар машварати омӯзишӣ масъалаҳои «Роҳнамо барои таъсисдиҳӣ ва рушди мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ», «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» ва «Роҳҳои амалигардонии нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.








Байни сохторҳои мониторинги молиявии Тоҷикистону Русия ду санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар доираи COP31 Тоҷикистон, Умон ва Непал роҳҳои ҳалли мушкилоти обу иқлимро баррасӣ карданд
Соли 2027 дар гузаргоҳи гумрукии ноҳияи Спитамен сохтмон ва насби таҷҳизоти сканкунии борҳо оғоз мегардад
Ҷаласаи 45-уми пленарии Гурӯҳи Авруосиё ба таъмини амнияти иқтисодию молиявӣ мусоидат менамояд
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди вазирони Осиёи Марказӣ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе беш аз 3,5 кило маснуоти тиллоӣ мусодира карда шуд
Фонди иқлими сабз барои рушди соҳаи тандурустии Тоҷикистон 2 миллион доллар ҷудо менамояд
Лоиҳаи «Барномаи нави саноатикунонии босуръати Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» таҳия гардидааст
Масъалаҳои баргузории Форуми B5+1 дар Душанбе баррасӣ шуданд
Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ оид ба мубориза бо биёбоншавӣ пешниҳод намуд, ки соли 2027 миссияи техникӣ ташкил карда шавад
Дар Ёвон бинои иловагии муассисаи таълимӣ ва маркази инкишофи кӯдак ба истифода дода шуд
Бо сабаби фаъолият накардани корхонаи «Хишти Тоҷикобод» сокинон ин масолеҳи сохтмониро аз Душанбе ва Ваҳдат бо роҳкирои гарон ворид менамоянд






