Ҳайати Кумитаи рушди маҳал аз чандин иншооте, ки бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Шуғнон бунёд меёбанд, дидан намуд

Октябрь 15, 2019 16:10

ДУШАНБЕ, 15.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосим Роҳбар бо ҳайати ҳамроҳонаш барои иштирок дар  ҷаласаи сайёри ин кумита ба ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафар намуд.

Дар  чаҳорчӯбаи сафар ҳайати Кумитаи рушди маҳал  аз чандин иншооте, ки бахшида ба ҷашни миллӣ-30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми солҳои 2018-2019 дар ин ноҳия бино ёфта истодаанд, дидан намуд.

Аз ҷумла, аъзои ҳайат бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №17-и деҳаи Сипинз, ки  аз ҷониби Донишгоҳи Осиёи Марказӣ маблағгузорӣ гардида, сохтмони онро ҶДММ «Бозиқалъа» бо сифати баланд анҷом дода истодааст, шинос гардиданд.

Аъзои ҳайати Кумитаи рушди маҳал ҳамчунин ба «Маркази инкишофи барвақтии кӯдак», ки дар деҳаи Манеми Ҷамоати деҳоти Сучон воқеъ аст, рафта, бо кормандони он суҳбат намуданд. Ҳамзамон аз терминали мусофиркашонии деҳаи Бидурди Ҷамоати деҳоти Сучон, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии№28, ки дар он ҷо сохтмони толори варзишӣ идома дорад  ва чандин иншооти дигар дидан намуданд.

Сипас Раиси Кумитаи рушди маҳал Қосим Роҳбар аз натиҷаи корҳои ободонию  созандагӣ дар ноҳия изҳори қаноатмандӣ намуда, барои пешрафти минбаъдаи корҳо маслиҳатҳои муфид дод.

Дар ҷамъбаст дар ноҳияи Шуғнон дар мавзӯи «Ташаккули худидоракунии маҳаллӣ ҷиҳати таъмини рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳраку деҳот» бо иштироки воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия,  раисони ҷамоатҳои деҳоти ноҳия ва раисони маҳаллаҳо машварати омӯзишӣ баргузор гардид.

Дар машварати омӯзишӣ масъалаҳои «Роҳнамо барои таъсисдиҳӣ ва рушди мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ», «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» ва «Роҳҳои амалигардонии нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» мавриди таҳлилу баррасӣ  қарор гирифтанд.

Октябрь 15, 2019 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон Кодекси энергетикӣ таҳия ва қабул карда мешавад
Дар корхонаи коркарди меваю сабзавоти «Насим»-и шаҳри Хоруғ 12 навъи ширинӣ аз тут истеҳсол карда мешавад
Дар Душанбе вобаста ба татбиқи Созишнома байни вазоратҳои молияи Тоҷикистон ва Федератсияи Русия конфронс баргузор гардид
Дар Душанбе татбиқи лоиҳаи «Мутобиқшавии ширхӯрон ба тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ» баррасӣ шуд
Дар Мурғоб коргоҳи маҳсулоти қаннодии «Нозанин» ва 5 гармхона ба фаъолият шуруъ намуданд
Дар Тоҷикистон лоиҳаи «Дастрасӣ ба бозор ва мутобиқшавӣ барои чорводорӣ» амалӣ карда мешавад
Дар назди муассисаҳои таълимии ноҳияи Ванҷ синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуд
50 километр роҳи деҳоти Ҳисор ва Ориён то сарҳади Узбекистон таъмир мегардад
Дар Шуғнон бинои нави пойгоҳи барфу гармосанҷӣ ба истифода дода шуд
Дар Мурғоб калонтарин неругоҳи офтобӣ ба истифода дода шуд
Бадахшон мизбони Форуми байналмилалии «Помир-инвест -2025» мегардад
Дар Шуғнон корхонаҳои саноатӣ ва иншооти соҳаҳои тандурустӣ ва маориф ба истифода дода шуданд