Ҷавонони водии Зарафшон дар доираи «Стартап-Чойхона» лоиҳаҳои тиҷоратии худро муаррифӣ намуданд

Октябрь 2, 2019 09:11

ДУШАНБЕ, 02.10.2019/АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Панҷакент  бо ибтикори Муассисаи Давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон»  дар  ҳамкорӣ бо Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид —  «Барномаи Рушди соҳибкорӣ дар маҳал» миёни соҳибкорони ҷавон машғулияти омӯзишӣ  ва озмуни «Стартап -Чойхона» ташкил карда шуд, ки дар он соҳибкорони ҷавон аз шаҳрҳои Панҷакент ва ноҳияҳои Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ иштирок намуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи давлатии  сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Ҳадафи машғулияти амалӣ ва озмуни «Стартап-Чойхона» фаъолсозии ҷавононе мебошад, ки ҷиҳати ташкили тиҷорат ва рушди он  кӯшиш намуда, ба ин  восита дар ҷумҳурӣ ҷойҳои нави корӣ фароҳам меоранд.

Дар озмун аз ҷониби намояндагони шаҳри Панҷакент ва ноҳияҳои Айнию  Кӯҳистони Мастчоҳ лоиҳаҳои бизнеси марказҳои хизматрасонии компютерӣ, хизматрасонии телефонҳои мобилӣ ва таълимию фароғатии кӯдакон муаррифӣ гардиданд.

Ҳамзамон аз ҷониби иштирокчиёни фаъол идеяҳои гуногуни соҳибкорӣ, аз тиҷорати хурд то васеъ кардани тиҷорати калон ба аъзои доварон пешниҳод карда шуд.  Вобаста ба ин, доварон зикр карданд, ки пешниҳоди идеяи воқеии соҳибкорӣ ва хоҳиши машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ муҳим ва сабаби  дастгирӣ мебошад.

Дар маҷмӯъ дар озмуни «Стартап-Чойхона» 19 нафар соҳибкорони ҷавон  ва 40 нафар донишҷӯёни Коллеҷи технология ва инноватсияи шаҳри Панҷакент иштирок карданд.

Дар ҷамъбасти озмун муаллифони лоиҳаҳои беҳтарини тиҷоратӣ  бо туҳфаҳо қадрдонӣ гардиданд.

Октябрь 2, 2019 09:11

Хабарҳои дигари ин бахш

ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид