Ҷавононро мебояд ба илмомӯзӣ машғул шуда, аз амалҳои ношоиста худдорӣ намоянд-бардошт аз мулоқот бо донишҷӯён

Октябрь 28, 2019 16:55

ДУШАНБЕ, 28.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мулоқоти намояндагони Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ва Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо донишҷӯён доир гардид.

Мулоқоти мазкур дар доираи нақшаи чорабиниҳои Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе роҳандозӣ шуда, дар он сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода, сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе Фирдавс Хайров, намояндаи Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе Ато Собирзода иштирок  ва суханронӣ намуданд.

Тавре аз Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, масъулин  атрофи масъалаҳои муҳим, ки ба  наврасону ҷавонон  рабт доранд, андешаронӣ намуданд.

Аз ҷумла онҳо  аз  дастгириву таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон ёдовар шуда,  иброз доштанд, ки имрӯз дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон  тамоми   имконияту шароит фароҳам оварда шудааст.  Аз ин рӯ ҷавононро мебояд ба омӯхтани илму дониш машғул шуда, аз даст задан ба ҳар гуна амалҳои ношоиста худдорӣ намоянд.

Зимни мулоқот ҳамчунин ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ оид ба тарбияи ватандӯстӣ, ташаккули тарзи ҳаёти солим, пешгирии ҷинояткорӣ, ҳуқуқвайронкунӣ, муноқишаҳои гурӯҳии хонандагону донишҷӯён сухан карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки  то 3 декабри соли равон мулоқоти  Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ва Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо донишҷӯёни  36 муассисаи оливу касбии шаҳри Душанбе баргузор карда мешавад.

Октябрь 28, 2019 16:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст