Азим Иброҳим: «Истихроҷи ангишт бояд самаранок ба роҳ монда шавад»
ДУШАНБЕ, 21.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим дар якҷоягӣ бо Вазири саноат ва технологияҳои нав, масъулини вазорат оид ба истихроҷи ангишт ва роҳбарони корхонаҳои истихроҷи ангишт аз минтақаи конҳои КФ «Шахтаи Фон-Яғноб», КФ «КА Зиддӣ», қитъаи шарқии Зиддӣ, ҶДММ «Корхонаи металлургии Тоҷик» ва ҶДММ «Талко-ресурс» дидан намуд.
Азназаргузаронии конҳо дар мавзеъ собит намуд, ки корҳо аз рӯи технологияи истихроҷи ангишт ба роҳ монда нашуда, корҳои лоиҳакашӣ ва нақбгузарӣ ба талабот ва меъёрҳои корҳои куҳӣ ҷавобгӯй намебошанд. Дар минтақае, ки корҳои истихроҷи ангишт бо усули кӯшода ба роҳ монда шудаанд технологияи пешбурди корҳои кӯҳӣ риоя нашудааст.
Корҳои зеризаминӣ дар ин мавзеъҳо аз рӯи лоиҳаҳое пеш бурда мешаванд, ки онро ширкати маҳалии таҷрибаи лоиҳакашии коркарди зеризаминиро надошта таҳия намудааст.
Хусусиятҳои хоси коркарди зеризаминии кони ангиштро бо назардошти нишондодҳои физикиву механикии ҷинсҳои кӯҳӣ пурра ба инобат нагирифтааст.
Яке аз сабабҳои камэътимод будани лоиҳаи пешниҳодгардида ин дар фарогир набудани мавзеи лоиҳашаванда бо пармачоҳҳо мебошад. Бе маълумотҳои дақиқи фарогири ҳудуди конҳо, дуруст ба анҷом расонидани корҳои лоиҳакашӣ имконнопазир мебошад. Ҳамчунин мавриди нигаронӣ аст, ки хулоса (экспертиза)-ро ба лоиҳа, ҷамъияти ғайритахассусӣ додааст.
Бояд зикр намуд, ки тибқи Нақшаи тақвимии дурнамо то солҳои 2025 ва эҳтиёҷоти иқтисодиёти мамлакат ба ин намуди сӯзишворӣ, ҳамасола ҳаҷми истихроҷи ангишт на кам аз 2млн.100 ҳазор тоннаро ташкил мекунад.
Тибқи Нақша барои давраи ҳисоботии соли 2019 истихроҷи ангишт бо усули кӯшода 1682 ҳазор тонна ва бо усули зеризаминӣ 219 ҳазор тонна тасдиқ гардидааст. Дар соли 2025 бошад ин нишондиҳандаҳо куллан тағйир ёфта, 1млн.261 ҳазор тонна ангишт бо усули зеризаминӣ ва 954 ҳазор тонна бо усули кӯшода истихроҷ мегардад.
Бо мақсади пешгирӣ кардан аз ҳолатҳои номатлуб дар ин самт ва дар доираи меъёрҳои соҳавӣ ба роҳ мондани тарзи корбарӣ, бори дигар таъкид карда шуд, ки воқеан имрӯз зарурияти бо усули зеризаминӣ ба роҳ мондани истихроҷи ангишт ба миён омадааст, зеро идома додани корҳо бо тарзи амалкунанда дар ду соли баъд, метавонад соҳаро ба мушкилоти ҷиддӣ рӯ ба рӯ созад.
Аз ин лиҳоз аз ҷониби муовини Сарвазири мамлакат ба Вазорати саноат ва технологияҳои нав, роҳбарони корхонаҳои истихроҷи ангишт ва масъулини соҳа супориши қатъӣ дода шуд, ки муносибатро бо кор тағйир дода, бо ҷалби мутахассисони кордони соҳавӣ, корҳои лоиҳакашиву нақбканиро марҳила ба марҳила бо усули зеризаминии истихроҷ бештар ба нақша гиранд. Ин тарз дар давраи миёнамуҳлат бояд ба самти афзалиятнок табдил гардад ва истихроҷи ангишт барои таъмини талаботи иқтисодиёти кишвар асосан бо чунин усул ба роҳ монда шавад.








Озмуни ҷумҳуриявии «Топ-35 — шарики боэътимоди сол» ҷамъбаст гардид
Тоҷикистон ва Эрон ҳамкории мутақобили судмандро дар соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ густариш медиҳанд
17 АВГУСТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ РОҲИ ОҲАНИ ТОҶИКИСТОН. Интиқоли 70 фоизи бор ба нақлиёти роҳи оҳан рост меояд
Соли 2026 ҳолати мелиоративии беш аз 18 ҳазор гектар заминҳои кишоварзӣ беҳтар гардонида мешавад
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Доир ба рақамикунонии минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар шароити кишварҳои Авруосиё форуми байналмилалӣ баргузор мешавад
То соли 2030 беш аз 16 ҳазор гектар замин ба гардиши кишоварзӣ дароварда мешавад
Ҷалби ширкатҳои чинӣ барои татбиқи лоиҳаҳои энергетикии Тоҷикистон баррасӣ гардид
Муҳаммад Ҳасан Асадӣ бо фаъолият ва имконоти технологӣ ва инфрасохтории «Шаҳри ҳушманд» шинос шуд
Нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии шаҳри Ҳисор дар нимсолаи якуми соли 2026 сад фоиз иҷро шуд
Тоҷикистон ҳамкориро дар самти рақамикунонӣ бо Фонди Авруосиёии субот ва рушд таҳким мебахшад
Дар ноҳияи Ашт неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад






