Азим Иброҳим: «Истихроҷи ангишт бояд самаранок ба роҳ монда шавад»

Октябрь 21, 2019 14:30

ДУШАНБЕ, 21.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. Субҳи  имрӯз муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим дар якҷоягӣ бо Вазири саноат ва технологияҳои нав, масъулини вазорат оид ба истихроҷи ангишт ва роҳбарони корхонаҳои истихроҷи ангишт аз минтақаи конҳои КФ «Шахтаи Фон-Яғноб», КФ «КА Зиддӣ», қитъаи шарқии Зиддӣ, ҶДММ «Корхонаи металлургии Тоҷик» ва ҶДММ «Талко-ресурс» дидан намуд.

Азназаргузаронии конҳо дар мавзеъ собит намуд, ки корҳо аз рӯи технологияи истихроҷи ангишт ба роҳ монда нашуда, корҳои лоиҳакашӣ ва нақбгузарӣ ба талабот ва меъёрҳои корҳои куҳӣ ҷавобгӯй намебошанд. Дар минтақае, ки корҳои истихроҷи ангишт бо усули кӯшода ба роҳ монда шудаанд технологияи пешбурди корҳои кӯҳӣ риоя нашудааст.

Корҳои зеризаминӣ дар ин мавзеъҳо аз рӯи лоиҳаҳое пеш бурда мешаванд, ки онро ширкати маҳалии таҷрибаи лоиҳакашии коркарди зеризаминиро надошта таҳия намудааст.

Хусусиятҳои хоси коркарди зеризаминии кони ангиштро бо назардошти нишондодҳои физикиву механикии ҷинсҳои кӯҳӣ пурра ба инобат нагирифтааст.

Яке аз сабабҳои камэътимод будани лоиҳаи пешниҳодгардида ин дар фарогир набудани мавзеи лоиҳашаванда бо пармачоҳҳо мебошад. Бе маълумотҳои дақиқи фарогири ҳудуди конҳо, дуруст ба анҷом расонидани корҳои лоиҳакашӣ имконнопазир мебошад. Ҳамчунин мавриди нигаронӣ аст, ки хулоса (экспертиза)-ро ба лоиҳа, ҷамъияти ғайритахассусӣ додааст.

Бояд зикр намуд, ки тибқи Нақшаи тақвимии дурнамо то солҳои 2025 ва эҳтиёҷоти иқтисодиёти мамлакат ба ин намуди сӯзишворӣ, ҳамасола ҳаҷми истихроҷи ангишт на кам аз 2млн.100 ҳазор тоннаро ташкил мекунад.

Тибқи Нақша барои давраи ҳисоботии соли 2019 истихроҷи ангишт бо усули кӯшода 1682 ҳазор тонна ва бо усули зеризаминӣ 219 ҳазор тонна тасдиқ гардидааст. Дар соли 2025 бошад ин нишондиҳандаҳо куллан тағйир ёфта, 1млн.261 ҳазор тонна ангишт бо усули зеризаминӣ ва 954 ҳазор тонна бо усули кӯшода истихроҷ мегардад.

Бо мақсади пешгирӣ кардан аз ҳолатҳои номатлуб дар ин самт ва дар доираи меъёрҳои соҳавӣ ба роҳ мондани тарзи корбарӣ, бори дигар таъкид карда шуд, ки воқеан имрӯз зарурияти бо усули зеризаминӣ ба роҳ мондани истихроҷи ангишт ба миён омадааст, зеро идома додани корҳо бо тарзи амалкунанда дар ду соли баъд, метавонад соҳаро ба мушкилоти ҷиддӣ рӯ ба рӯ созад.

Аз ин лиҳоз аз ҷониби муовини Сарвазири мамлакат ба Вазорати саноат ва технологияҳои нав, роҳбарони корхонаҳои истихроҷи ангишт ва масъулини соҳа супориши қатъӣ дода шуд, ки муносибатро бо кор тағйир дода, бо ҷалби мутахассисони кордони соҳавӣ, корҳои лоиҳакашиву нақбканиро марҳила ба марҳила бо усули зеризаминии истихроҷ бештар ба нақша гиранд. Ин тарз дар давраи миёнамуҳлат бояд ба самти афзалиятнок табдил гардад ва истихроҷи ангишт барои таъмини талаботи иқтисодиёти кишвар асосан бо чунин усул ба роҳ монда шавад.

Октябрь 21, 2019 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар вилояти Хатлон ҷараёни қабули пахта назорат карда мешавад
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар мулоқоти вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Эрон дар Теҳрон баррасӣ шуданд
Вобаста ба бақайдгирии ихтироот тавассути низоми Шартнома оид ба ҳамкории патентӣ машғулият доир шуд
Дар ноҳияи Ашт доир ба рушди хучпарварӣ ва моҳипарварӣ машғулияти ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Рушду пешрафти сиёсати дастрасии молиявӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ХАТЛОН ИНВЕСТ-2024». Дар Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузорӣ баргузор мешавад
Бонки ҷаҳонӣ ба сохтмони марказҳои агрологистикӣ дар Тоҷикистон ҳавасмандӣ зоҳир намуд
Корхонаи «Атласи Хуҷанд» ғолиби Фестивали ҷумҳуриявии атлас ва адрас-2024 гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми умумии истеҳсоли шир 5,4 фоиз афзудааст
«ТОЗАГИИ СОҲИЛ». Дар шафати рости дарёи Душанбе ҳашари экологӣ гузаронида шуд
ФЕСТИВАЛИ ҶУМҲУРИЯВИИ АТЛАС ВА АДРАС-2024. Дар номинатсияи «пиллапарварӣ» Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пиллаи тоҷик» ғолиб гардид
Дар шаҳри Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии атлас ва адрас баргузор гардид