«БОҒИ ҲАЙВОНОТ». Дар Ӯзбекистон қиссаи нависандаи тоҷик нашр гардид

Октябрь 26, 2019 15:33

ДУШАНБЕ, 26.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Маҷаллаи бонуфузи адабии Ӯзбекистон «Жахон адабиёти» (Адабиёти ҷаҳон), ки ҳар моҳ бо теъдоди беш аз ду ҳазор нусха чоп мешавад, дар шумораи ҳаштуми худ қиссаи «Зоопарк» («Боғи ҳайвонот»)-и нависандаи маъруфи тоҷик Абдуғаффори Абдуҷабборро нашр кардааст.

«Зоопарк» соли 2017 дар Тоҷикистон дар номинатсияи «Насри беҳтарин» Китоби сол  эълон гардида буд.

Асари мазкур инчунин соли 2018 дар Санкт-Петербург (Россия)  дар тарҷумаи Комиламо Камолова дар шакли китоби алоҳида ба забони русӣ дастраси хонандагон  гардида шудааст.

Қиссаро мутарҷими маъруфи Ӯзбек Амир Файзулло ба забони ӯзбекӣ тарҷума кардааст.

Давоми чор соли охир ин қиссаи дуввуми Абдуғаффори Абдуҷаббор аст, ки дар саҳифаҳои ин маҷаллаи бонуфузи Ӯзбекистон нашр мешавад.

Соли 2016 маҷалла қиссаи «Барфи охирин»-и адиби тоҷикро манзури дӯстдорони каломи бадеъ намуда буд.

Октябрь 26, 2019 15:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд