Бо сабаби ҷавобгӯ набудан ба талаботи санитарию гигиенӣ фаъолияти 123 муассисаи стоматологӣ муваққатан боздошта шуд

Октябрь 24, 2019 08:46

ДУШАНБЕ, 24.10.2019/АМИТ «Ховар»/.  Давоми нуҳ  моҳи соли равон мутахассисони  Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  барои риоя накардани қоидаҳои зиддиэпидемикӣ  нисбат ба  роҳбарияти  97 муассисаи стоматологӣ, 127  сартарошхона ва 173  кошонаи ҳусн  санади  ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода,  онҳоро 111 295 сомонӣ ҷарима кард. Инчунин фаъолияти 123 муассисаи стоматологӣ, 81 сартарошхона ва 157 кошонаи ҳусн бо сабаби ҷавобгӯ набудан ба талаботи санитарию гигиенӣ муваққатан боздошта шуд.

 Ҳамчунин аз тарафи шуъбаҳои воҳидҳои сохтории хадамот 132 227 кило маводи доруворӣ, молҳои тиббӣ, маводи ороишию гигиенӣ ва ғизои кӯдаконаи муҳлатгузашта, бе сертификати мутобиқат ва ба талабот ҷавобгӯ набуда бо роҳи сӯзондан нобуд гардиданд.

Дар ин бора аз Хадамоти мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд. Тибқи иттилои масъулин, ҳангоми санҷишҳо аз муассисаҳои фармасевтии ҷумҳурӣ 1031 номгӯй маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ ба миқдори 110814 адад аз муомилот гирифта шуданд.  Аз  ҷумла,  456 номгӯй доруи муҳлатгузашта, 523 номгӯй доруи бе сертификат ва 52 номгӯй молҳои тиббии ба талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрию техникӣ ҷавобгӯ набуда мусодира гардиданд.

Аз муассисаҳои табобатию профилактикӣ 483 номгӯй маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ дар асоси санад аз муомилот гирифта шуданд. Ғайр аз ин, ҳангоми санҷиш аз нуқтаҳои савдо ва анбори маводи ороишию гигиенӣ низ 398 номгӯй маводи ороишию гигиении муҳлатгузашта ва бе сертификати мутобиқат бозпас гирифта шуданд.

Мутахассисони шуъбаҳои назоратии Сарраёсати назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ ва шуъбаҳои дар вилоятҳо буда нисбат ба  шахсони ҳуқуқию воқеии муассисаҳои фармасевтӣ, табобатию профилактикӣ ва нуқтаҳои савдои маводи ороишию гигиенӣ 372 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, ҳуқуқвайронкунандаҳо ба маблағи 996 630 сомонӣ ҷаримабандӣ шуданд.
Барои бартараф сохтани камбудиҳо аз ҷониби шуъбаҳои Сарраёсати назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ 366 амрнома дода шуд, ки ба ҳамаи онҳо посух гирифта шудааст.

Октябрь 24, 2019 08:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд
Дар нуҳ моҳи соли равон 86 муассисаи КАТС ба истифода дода шуд
Байни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ассосиатсияи Умумичинии журналистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Панҷакент Форуми ҷумҳуриявӣ ва даври ҷамъбастии озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» доир шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Тарбуз, харбуза ва каду дар таркиби худ витамини C ва А бештар доранд
Масъалаи дастрасии аҳолии минтақаҳои дурдаст ба кумаки аввалияи тиббию санитарӣ баррасӣ шуд